(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Гузоштани хишти аввал барои сохтмони кӯдакистон дар маҳаллаи «Чорчароғ»

Дар асоси даструру супоришҳои Пешвои миллат Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд баҳри боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбияи насли наврас ва кӯдакон ва фарогирии ҳар чӣ бештари онҳо ба муассисаҳои томактаби тадбирҳои мушаххас андешида мешавад. Дар кӯчаи Озодии маҳаллаи “Чорчароғ” –и шаҳри Хуҷанд муассисаи томактабӣ барои 240 нафар кӯдакон сохта ба истифода дода мешавад. Дирӯз бо иштироки раиси шаҳр Раҷаббой Аҳмадзода хишти аввал барои сохтмони кӯдакистон гузошта шуд. Чи тавре ки қайд гардид, кӯдакистони мазкур то ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифодабарӣ қарор дода шуда, 50 нафар бо ҷои корӣ таъмин мегарданд.
Аз рӯи лоиҳа намуди зоҳирии ин муассиса ба Кӯдакистони Президентӣ монанд мебошад. Ин кӯдакистон аз 3 ошёна иборат буда, дар ошёнаи саввум гурӯҳҳои забони англисӣ, русӣ ва компутерӣ ҷой дода мешаванд. Фармоишгари сохтмони Идораи сохтмони асосии шаҳри Хуҷанд мебошад.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода гуфт, ки масъалаи ба таълиму тарбия фаро гирифтани кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ ҳамеша дар мадди назари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Кодирӣ буда, бо дастгирӣ ва раҳнамоии онҳо то ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои зиёда аз 3 ҳазор кӯдакон дар шаҳри Хуҷанд боз се кӯдакистони дигар низ сохта ба истифода дода мешавад.