(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Ҷаласаи корӣ

Субҳи имрӯз таҳти раёсати Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода бо иштироки роҳбарони сохторҳои МИҲД –и шаҳр, муовинони раиси шаҳр ҷаласаи корӣ баргузор гардид.
Бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои дастури Роҳбари давлат аз ин пас моҳе як маротиба нишондиҳандаҳои иқтисодию иҷтимоии шаҳр мавриди баррасиву таҳлил қарор дода хоҳад шуд,-гуфт Раҷаббой Аҳмадзода.
Нахсуст вазъи иҷрои буҷет баррасӣ шуд. Бино ба гуфти раиси шаҳр бо вуҷуди нақшаи ҷамъоварии маблағи андоз 103,2 фисад иҷро шудан нақшаи 5 намуди андоз иҷро нашудааст. Бақияи қарзи андоз ташвишовар боқӣ мемонад. Сардори Нозироти андози шаҳр Абдурауф Ҷумъаев изҳор дошт, ки хусусан ҷамъоварии андози амволи манқул ва ғайриманқул ташвишовар буда, кӯмаки мақомоти  маҳаллии ҳокимияти давлатиро лозим аст.

Раиси шаҳр раисони 22 кумитаҳои маҳаллаҳои шаҳрро вазифадор намуд, то ки нисбати ин масъала корбарӣ намоянд.
Баъдан иштирокдорон ахбороти мудири шӯъбаи саноати МИҲД шаҳр Абдураҳим Солиевро оид ба вазъи саноат ва истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ шуниданд. Маълум  гардид, ки вазъи  бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ ба содироти маҳсулоти саноатӣ таъсири худро расонидаст. Раҷаббой Аҳмадзода ба роҳбарони корхонаҳои саноатӣ  супориш дод, ки новобаста аз вазъи ба амаломада нисбати баланд бардоштани истеҳсолот чораҷӯӣ намоянд.
Зикр гардид, ки ба истиқболи 25 солагии Истиқлолияти давлатӣ  дар қаламрави шаҳр 20 корхонаҳои саноатӣ ба истифода дода мешаванд. 450 ҷойҳои нави корӣ ба вуҷуд меоянд. 5 адади ин корхонаҳо рӯзҳои таҷлили Наврӯзи Аҷам ба фаъолият оғоз хоҳанд кард.
Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки дар ҷаласаи корӣ мавриди баррасии чуқур қарор гирифт, омодагӣ ба ҷашни Наврӯз буд. Дар назар аст, ки чорабиниҳои асосӣ бо иштироки меҳмонони воломақом маҳз дар маркази вилоят баргузор хоҳад шуд. Бинобар ин ҳам Раҷаббой Аҳмадзода масъулонро вазифадор намуд, то ки ба ин ҷашн омодагии ҳаматарафа бинанд.
Рӯзҳои таҷлили Наврӯзи оламафрӯз дар қаламрави шаҳр корҳои созандагию ободонӣ вусъати тоза хоҳанд гирифт. Пеш аз ҳама дар 22 маҳаллаҳои шаҳр Наврӯз бо тамоми суннатҳояш ба таври мутантан ҷашн гирифта мешавад. Бунёди 4 майдончаҳои варзишӣ байни биноҳои баландошёна ба нақша гирифта шудааст. То ҷашни Наврӯз дар Боғи «Ғалаба» -и маркази вилоят марқади ёдгорӣ барои иштирокчиёни барқароркнии садамаи стансияи атомии Чернобыл қомат меафрозад.
Раиси шаҳр Раҷаббой Аҳмадзода ҳамчунин оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстрмистӣ сухан ронда масъулиниро вазифадор кард то ки корҳои тарғиботию ташвиқотиро пурзӯр намоянд. Оид ба ин амали номатлуб соли рафта нисбати 11 ҷавонони раҳгумзада парвандаи ҷиноӣ кушода шудааст.
Дар ҷаласаи корӣ ҳамчунин дигар масъалаҳои ҷории соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр мавриди баррасиву таҳлил қарор дода шуд.