(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Номгӯи маҳсулоти намоиш- фурӯш зиёд мегардад.Бо мақсади иҷроиши дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомали Раҳмон бобати таъмини сокинони маркази вилоят бо маводи хӯрока дар фасли зимистон бо нархҳои дастрас рӯзҳои истироҳат дар маркази шаҳр ярмарка-фурӯши маҳсулоти ниёзи аввала баргузор мегардад.
Рузҳои шанбе ва якшанбе кишоварзони ноҳияи вилояти Суғд дар ин намоиш маҳсулоти гуногунро барои харидори намудани бошандагони Хуҷанд пешкаш намуданд.
Хоҳишмандон аз сифату номгӯи маҳсулоти пешкашшуда изҳори қаноатманди намуда, барои ин тадбири муҳим ба давлату ҳукумат изҳори сипосманди менамуданд.
Назар ба гуфти харидорон онхо аз ин намоиш-фурӯш имкон доштанд сабзиро бо 60 -70 дирами, картошкаро бо нархи 1с 20 1 с 50 дирам, гӯшт 25-27 сомонӣ ва дигар маводи ғизоро бо нархҳои то 30 фоиз арзон харидорӣ намоянд. Ҳамчунин барои зиёд намудани теъдоди боз ҳам бештари номгӯи маҳсулот ва таъмини сокинон ба маводи истеҳсоли ватанӣ бо нархҳои боз ҳам арзонтар, бо супориши Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода корхонаҳои шаҳр, ки ба истеҳсоли маводи хӯрока машғуланд дар ин намоиш фурӯш низ ширкат намуда маҳсулоти худро манзури харидорон менамоянд. Аз ин минбаъд сокинон имкон доранд дар баробари маҳсулоти кишоварзони шаҳру ноҳияҳои вилоят маҳсулоти ширӣ, гӯштӣ, қаннодӣ ва нонии коргоҳхои маркази вилоятро бо нархҳоидастрас харидорӣ намоянд.
Лозим ба қайд аст, ки давоми ду соли охир баргузории ин намоиш фурӯш ба ҳукми анъана даромада, барои фароҳам овардани шароити мувофиқ ва паст намудани нархи маҳсулот кишоварзон аз пардохти иҷораи ҷойи фурӯш дар ин намоиш фрӯш озод карда шуданд. Барои ворид гаштан бо нақлиёти боркашони маҳсулоти кишоварзӣ ба деҳқонону кишоварзон бошад ҷойҳои махсус пешбинӣ гаштааст. Ин тадбирҳо имкон дод, ки намоиш фурӯши мазкур мунтазам доир гашта, таъсири бевоситаи худро барои поён бурдани нарх дар бозору марказҳои савдои шаҳр расонад.