(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Фаввораҳои шаҳр ба мавсими нав омода карда мешаванд.Дар асоси супориши Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода кормандони «Қитъаи фаввораҳо»- назди Сарраёсати ободонӣ хоҷагию манзилӣ ва коммуналии шаҳри Хуҷанд таъмиру омода намудани фаввораҳои шаҳрро ба мавсими имсола шурӯъ намуданд.
ИМрӯзхо бештар аз 10 нафар кормандону мутахассисони ин муассиса рангубордиҳӣ ва тоза намудани маҷмаи фаввораҳои назди муҷассамаи Абуабдулло Рӯдакиро идома медиҳанд.
То ин вақт бошад 5 фаввора аз таъмир бароварда шуда, мутахассисон ният доранд. То нимаи авали моҳи марти соли равон корҳои таъмиру тармим ва омода намудани фаввораҳоро ба мавсими нав ба анҷом расонанд. Лозим ба ёдоврист,ки дар шаҳри Хуҷанд 25 фаввора мавҷуд буда, соли равон бунёди чанд фаввораи нав ба нақша гирифта шудааст.