(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Бунёди майдончаи варзишӣ дар маҳаллаи «Дӯстии халқҳо» оғоз ёфт.Дар асоси нақшаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  шаҳри Хуҷанд бахшида ба 25 солагии ҷашни Истиқлолияти давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марказивилоят ба истифода додани бештар аз 100 иншооти гуногун пешбинӣ гаштааст. Дар доираи ин нақша соли равон ба истифода додани бештар 29 майдончаи  варзишӣ дар маҳаллаҳои шаҳр ба нақша гирифта шудааст. Ҳафтаи равон корҳои омодагӣ ва тахту ҳамвор намудани мавзеи яке аз ин майдончаҳои варзишии ба нақша гирифта шуда дар маҳаллаи «Дӯстии халқҳо» оғоз гардид.
Майдончаи варзишӣ байни биноҳои баландошёнаи истиқоматии № 40, 40 «а», 39, 6, 6 «а», 18, 5, бунёд ёфта, Cохтмону ба истифода додани онро Идораи сохтмони асосии шаҳри Хуҷанд ба зима дорад. Лозим ба кайд аст, ки дар биноҳои номбурда бештар якуним ҳазор сокинон истиқомат дошта, баъди мавриди истифода қарор гирифтани майдончаи мазкур барои тарбияи бошандагони ин маҳал ба тарзи ҳаёти солим имконияти хуб фароҳам хоҳад омад. Назар ба маълумоти масъулини Идораи хоҷагию манзилии соҳили рости шаҳр, майдончаи мазкур дар арафаи таҷлили рӯзҳои Наврӯз ба истифода дода хоҳад шуд.