(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Мулоқоти Раиси шаҳр бо ходимони дин.Дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  шаҳри Хуҷанд тахти раёсати Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ҷаласаи машварати бо иштироки имом-хатибони масчиди ҷомеъ ва имомони масочиди шахри Хучанд баргузор гардид.
Яке аз нуктахои мухими Паёми имсолаи асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Чумхурии Точикистон Эмомали Рахмон ба Маҷлиси Олӣ ин таъмини сулҳу суббот, ваҳдати миллӣ ва осоиштагии мардум маҳсуб ёфта, дар раванди ҷаҳонишавӣ ва таҳаввулоти ҷаҳони имрӯза  масъулияти моро дар ҳимояи  манфиати миллӣ, фазои орому осоишта бештар менамояд.  Ходимони дин  низ бояд  дар ин ҷода бояд бетараф набошанд. Гузашта аз он Шумо,- имомони масоҷид масъулияти бештар дошта, ҳамкориро бо раисони маҳалла, нозирони минтақавӣ ва ниҳодҳои қудратӣ пайваста ва ҳамарӯза бошад. Ҳамзамон пеш аз ҳама бояд худи ходимони дини мубини Ислом бо амалу рафтор ақидаю мавқеъ ва эҳтироми арзишҳои миллӣ намунаи ибрат бошанд»,-таъкид намуд Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода.
Сардори шӯъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумхурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Эмин Ҷалилов, шӯъбаи Кумитаи давлатии амнияти милли Чумхурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Шодӣ Тӯраев доири риояи ҳатмии қонунҳои мавҷуда ва пешгирӣ намудан аз гароиши ҷавонону наврасон ба созмонҳои террористӣ аз ҷониби масъулини муассисаҳои дини чораҳои мушаххас андешида шавад.
Баъдан сархатиби масҷиди ҷомеи Шайх Муслиҳиддин Хоҷӣ Ҳусейн Мусозода, мудири бахши кор бо дин, танзиму ҷашну маърака ва маросимҳои миллӣ Мӯҳсин Миркамолов низ аз шароиту имкони имрузае, ки барои намозгузорон ва мӯътакидон аз ҷониби давлату ҳукумат фароҳам оварда шудааст, зикр намуда, изхор намуданд, ки махз ходимони дин масъулияти бештари таъмини ваҳдати мазҳабиро доранд.