(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Ҷаласаи Шӯрои Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.Имрӯз дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ҷаласаи Шӯрои Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд  баргузор гардид. Кори ҷаласаро Раиси шаҳри Хуҷанд, Раиси Шӯрои Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ифтитоҳ намуда, ҳозиронро бо рӯзномаи корӣ шинос намуд.
Аъзоёни Шӯро рӯзномаи ҷаласаро иборат аз пешниҳоди ҳисобот оид ба фаъолияти Шӯрои Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар соли 2015 ва нақшаи фаъолияти Шӯрои Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд барои соли 2016 тасдиқ намуданд.
Аз рӯи масъалаи якум аъзои Шӯро, мудири шуъбаи рушди иҷтимои ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр Мирзоқосим Каримов маълумоти муфассал дод. Баъдан аъзои Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр Мӯъминҷон Орипов ва аъзои Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, раиси Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломов ба музокира баромада доири фаъолияти худ ва ин созмони ҷамъиятӣ изҳори назар намуданд.
Раиси шаҳри Хучанд Раҷаббой Аҳмадзода доири бештар фаро гирифтани масъалаҳои ҳалталаби ҷомеъа аз қабили тарғиби арзишҳои миллӣ, боздоштани ҷавонон аз гаравидан ба гурӯҳҳои тундгарои ҷанҷӯй, маърифати баланди шаҳрдорӣ ва миллӣ, таҳкими корҳои фаҳмондадиҳӣ дар самти  истифодаи либоси миллӣ,тарбяи кадрҳои ҷавони болаёқат ва таҷрибаи зиндагию кори шахсони барӯманд  дар ин ҷода таъкид намуд. Ҳамчунин аз ҷониби Раиси шаҳр зикр гардид,ки  барои назаррас гаштани корҳои тарғиботӣ фаъолияти аъзоёни шӯро бо кумитаи маҳаллаҳо, сохторҳои низомӣ бештар намуда, доири ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳавасманд намудани ҷавонон ба вазифаю корҳои пурмасъулият чораҳо андешида шавад.
«Бахшида ба 25 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази вилоят бунёду ба истифода додани бештар аз 100 иншоот пешбинӣ гаштааст, ки аз он 30 биноҳои истиқоматӣ, 10 марказҳои саломатӣ, 4 майдончаи варзишӣ, се боғча, ду мактаб буда, зиёд намудани теъдоди чойхонаҳо низ ба нақша гирифта шудааст.
Дар чойхонаҳои маҳалла бошад бобати баргузории чорабиниҳои мухталиф бо ҷалби фаъолони маҳалла ва занони барӯманди маҳал бо максади  тарбияи ахлоқии ҷавонон ва навхонадорон, тарғиби оила ва оиладорӣ мувофиқи мақсад аст»- қайд намуд Раҷаббой Аҳмадзода.
Баъдан аз ҷониби аъзоён нақшаи фаъолияти Шӯрои Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд барои соли 2016 тасдиқ карда шуд.