(1 голос, среднее 5.00 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Сокинони шаҳр аз намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ қаноатманданд.Дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доири дастгирӣ иҷтимоӣ ва таъмини қишри ниёзманди аҳолӣ бо маҳсулоти аввалиндараҷаи ғизо дар шаҳри Хуҷанд дар интиҳои ҳар ҳафта намоиш фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ баргузор карда мешавад. Имрӯз низ тибқи нақшаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд намоиш- фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ доир гардид. Дар он кишоварзону деҳқонон ва зироаткорони ноҳияҳои кишоварзии вилоят маҳсулоти дастранҷи худ,- аз қабили картошкаю сабзӣ, пиёзу шалғам биринҷу равғани растанӣ ва ғайраро пешкаши шаҳриён намуданд.
Сокинони маркази вилоят ва харидорон аз маҳсулоти босифату тару тозаи деҳқонон харидорӣ намуда аз нархҳои нисбатан арзон изҳори қаноатмандӣ намуданд. Хоҳишмандон-харидорон имкон доштанд тамоми маҳсулоти пешкаш шударо бо нархҳои то 25 фоиз арзон нисбати нархҳои муқаррарии бозору марказҳои савдо харидорӣ намуда, барои рӯзгори худ ва истифодаи рӯзгор захира намоянд.
Дар намоиш –фурӯш нархи як килограмм гӯшт то 26-27 сомонӣ, равған 10 с 20 дирам, сабзӣ 80-90 дирам, риёз 1с-1с 50 дирам, картошка 1 с 20 1 с 89 дирам, биринҷ бошад 6 сомонӣ-6 с.50 дирам арзиш дошт.