(1 голос, среднее 5.00 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Қарори Раиси шаҳр иҷро мегардад.Шӯъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Хуҷанд баҳри иҷрои Қарори Раиси шаҳри Хуҷанд, № 189 аз 14 апрели соли 2014 дар бораи «Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2015» дар баробари қабули муроҷиати корҷӯён боз дар маҳаллаҳои маркази вилоят бо сокинон вохурию мулоқот гузаронида, барои таъмини  нафарони бешуғл бо касбу ҳунар ва кори доимию мавсими тадбирҳо меандешад. Чунин як вохӯрӣ дар маҳаллаи «Тиллокон»-маркази вилоят баргузор гардид. Дар он бештар 50 нфар сокинони ин маҳалла иштирок намуда,доири таъмини кор ва мавҷудияти ҷойҳои корӣ дар корхонаю ташкилотҳо маълумот гирифтанд.
Назар ба маълумоти Шӯъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Хуҷанд соли гузашта дар 8 маҳаллаи шаҳр чунин мулоқот доир гардида ҳамзамон дар он ҷо ярмаркаи ҷойҳои холи корӣ ташкил карда шуд. Умуман дар мӯҳлати гузашта дар 7 мавзеи шаҳр чунин ярмаркаҳо ташкил карда шуд,ки барои бо кор таъмин гаштани 192 нафар мусоидат намуд.
Ба ғайр аз ин дар давраи ҳисоботӣ ба 50 нафар шахсони бекор барои ташкили соҳибкорӣ қарзи имтиёзноки аз 2 ҳазор то 4 ҳазор сомонӣ ба мӯҳлати як сол аз дода шудааст.
Лозим ба қайд аст,ки  дар шаҳри Хуҷанд, соли 2015  11387 ҷойҳои нави  корӣ таъсис дода шуд, ки аз онҳо 932 ҷои корӣ дар корхонаҳо ва ташкилотҳо буда 10455 нафар сокинон бо патент фаъолияти меҳнатии худро ба роҳ мондаанд. Барои мутобиқ намудани касбу ҳунари 350 нафар шаҳрвандон бошад Шӯъбаи Агентии меҳнат ва шугли аҳолӣ дар шаҳри Хуҷанд ба КВД «Маркази таълимии шаҳри Хуҷанд» ба касбомӯзӣ ва бозомӯзӣ равон карда шудаанд. Аз шумораи умумии онҳо 314 нафарашонро занон ташкил медиҳанд, ки ба онҳо аз рӯи 9 ихтисос касб омӯхта мешавад.
Ҳоло дар шаҳри Хуҷанд аҳолии бешуғли қобили меҳнат 1699 нафар дар қайд буда, аз онҳо 848 нафарашонро занҳо ташкил медиҳанд.
Соли 2015 ба 647 нафар шаҳрвандон мақоми бекорӣ дода шуд, ки 373 нафарро занон ташкил медиҳад.