(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Баҳри густариши ҳамкорӣӣ: Пазироии меҳмононРаиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов гурӯҳи калони меҳмононро аз давлати Белорусия ба ҳузур пазируфт.

Хадафи асосии сафари хориҷиён ба Хуҷанд, ки бо иқдоми Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд сурат гирифт ва онҳоро сафири фавқуллода ва мухтори Ҷумҳурии Белорусия дар Тоҷикистон Ольга Гаврук ҳамроҳӣ кард, густариши ҳамкории дуҷониба ҷиҳати рушди ҷомеа ба ҳисоб рафт.

Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов сароғоз меҳмононро хайрамақдам гуфта, оид ба дӯстиву ҳамкории ду халқи бузург, ки аз мулоқоти Президентони ду кишвар сарчашма мегирад, сухан кард.

Баҳри густариши ҳамкорӣӣ: Пазироии меҳмононМеҳмонон омодагии хешро барои боз ҳам бештару беҳтар ба роҳ мондани ҳамкорӣ ба василаи сохта, ба иститфода додани корхонаҳои муштараки истеҳсоли маҳсулоти ниёзи мардум, аз қабили яхдон, мебел, техникаву таҷҳизоти зарурӣ, қаннодӣ ва ғайра иброз намуданд.

Мулоқот дар фазои ҳусни тафоҳум ва барои тарафайн хеле судманд сурат гирифт.