(3 голоса, среднее 5.00 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Марҳилаи сеюми лоиҳаи «Беҳтаррдонии вазъи таъминоти оби нӯшокӣ ва партовоб» оғоз мегардад.Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми се сол аст,ки дар маркази вилоят,- шаҳри Хуҷанд лоиҳаи «Беҳтаррдонии вазъи таъминоти оби нӯшокӣ ва партовоб» амалӣ мегардад. Соли 2016 иҷроиши корҳои лоиҳавӣ дар доираи марҳилаи сеюми лоиҳаи зикргардида ба нақша гирифта шудааст.
Маблағгузории лоиҳаи мазкур тибқи созишномаи қарзӣ ва грантӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бонки Таҷдид ва Рушди Аврупо амалӣ гашта, он аз соли 2014 шурӯъ шудааст.
Марҳилаи якум ва дуюми лоиҳа давоми солҳои 2014 ва 2015 иҷро гардида бо мақсади таъмини саривақтӣ ва босифати оби нӯшокӣ дар шаҳри Хуҷанд ба маблағи умумии 13 миллиону 665 ҳазор доллари ИМА корҳо ба анҷом расонда шуданд.
Дар марҳилаи сеюми лоиҳа лоиҳа азнавсозии иншоотҳои партовоб, ивази қубурҳои партов ва оби нӯшокӣ, харидорӣ намудани обченкунакҳои ҳаҷмаш калон, таъмиру азнавсозии таҷҳизоти ташхисгоҳи оби нӯшокӣ ва партовоб пешбинӣ шудааст. Маблағи умумии корҳои лоиҳавӣ дар ин давра 10 миллиону 30 ҳазор доллари ИМА-ро дар бар хоҳад гирифт. Айни замон масъулини Корхонаи воҳидии давлатии коммуналии «Хуҷандобуканал» барои ҷалби коршиносон ва мушвирони хориҷӣ,ки барои амалӣ гаштани лоиҳа ба кормандони дастгирии иҷроиши лоиҳа кӯмак хоҳанд расонд, озмун гузарониданд. Оғози кор дар марҳилаи сеюми лоиҳаи «Беҳтаррдонии вазъи таъминоти оби нӯшокӣ ва партовоб» моҳи март пешбинӣ гаштааст.