(3 голоса, среднее 5.00 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Машқи пагоҳии оммавӣ дар шаҳри Хуҷанд.Субҳи имрӯз дар маркази вилоят шахри Хуҷанд бо иштироки бештар аз 300 нафар ҷавонону наврасон ва варзишгарони табҳои варзишии Хуҷанд машқи пагоҳӣ доир гардид. Иқдоми мазкур ҷихати иҷрои дастуру супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нақшаи чорабинии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд баргузор карда шуд. Ҳадафи баргузории ин чорабинии оммавӣ таблищи тарзи ҳаёти солим, мусоидат барои инкишофи ҳамаҷонибаи қобилияти ҷисмонии инсон аст. Пешбинӣ гаштааст, ки баргузории машқи пагоҳии оммавӣ бо иштироки хоҳишмандон ва дӯсторони тарзи ҳаёти солим минбаъд ба нақшаи кории бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Хуҷанд ворид гашта, он пагоҳирӯзӣ, ҳар ҳафта рӯзи шанбе дар ҳамаи муассисаҳои варзишӣ, хиёбону гулгаштҳои шаҳр ва мавзеҳои ҷамъятию оммавии маркази вимлоят аз ҷониби Мактабҳои варзишӣ ва мураббиён ташкил ва гузаронида мешавад.