(3 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Раиси шаҳри Хуҷанд ҷаласаи васеи корӣ доир намуд.

Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода вобаста ба суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсола ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ бо иштироки муовинон, роҳбари дастгоҳ, роҳбарони воҳидҳои сохтори мақомоти маҳаллӣ, воҳидҳои сохтори низомӣ, прокуратура, раисони кумитаи маҳаллаҳо, фаъолони шаҳр, доир намуд.
Раиси шаҳри Хуҷанд қайд намуд, ки доири иҷроиши дастуру супоришҳои Пешвои миллат, асосгузори сулҳу ваҳдат Эмомалӣ Раҳмон Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ташкилоту муассисаҳо ва ширкату идораҳо новобаста аз шакли моликият бояд нақшаи кории мушаххаси худро дошта бошанд. Ҳамзамон таъкид гардид, ки бо вуҷуди натиҷаҳои назаррас ва иҷроиши нақшаҳо дар соли сипаригашта дар маркази вилоят имконияту захираҳои хуб барои ноил гаштан ба натиҷаҳои боз ҳам бештар мавҷуд аст. Раҷаббой Аҳмадзода таъкид намуд, ки барои ноил шудан ба нақшаҳои пешбинишуда на танҳо вусъат бахшидани суръати рушд, балки ба сифати он низ аҳаммияти махсус дода шавад.
Ба нозироти андоз, шӯъбаи савдо ва иқтисод, бахши сармоягузорӣ супориш дода шуд,ки  барои   дастгири  соҳибкорон ва соҳибкорӣ  соҳибкорон дар самти таъсиси коргоҳу корхонаҳо ва ташкили ҷойҳои нави корӣ робитаи доимиро ба роҳ монда, масъулон бояд таҳлили доимии асосноки дурнаморо дошта бошанд.
Дар ин замина Раиси шаҳри Хуҷанд ба сохторҳои марбутаи иқтисодӣ, сармоягузорӣ хизматрасонӣ истеҳсолии саноатӣ супориш дод, ки бобати зиёд намудани маҳсулоти ивазкунандаи воридот чораҳои мушаххас андешанд.
Аз роҳбарони бозорҳои шаҳр талаб карда шуд,ки назорати нархи маҳсулот ва сифати хизматрасониро ҳамарӯза ба роҳ монда, иҷроиши Амри Раиси шаҳр бобати доштани либоси ягонаи фурӯшандаҳо дар тамоми муассисаҳои хизматрасонии соҳаи савдо риоя гардад. Бобати истифода замин ва истифодаи мақсадноки он, таъмини сокинони маҳаллаҳои навбунёд бо барқ, оби ошомиданӣ, бунёди инфросохторҳо иҷтимоӣ дар ин мавзеҳо, баррасии саривактии муроҷиати шаҳрвандон бо риояи ҳатмӣ ва қатии санадҳои ҳуқуқӣ ва қонунҳои мавҷуда роҳбарони воҳидҳои сохторӣ аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд супоришҳои мушаххас гирифтанд.
Дар кори ҷаласа ҳамчунин дар соли ҷорӣ ҷиҳати иҷрои сифатноки қисми даромади буҷети давлатӣ ва таъмини саривақтии уҳдадориҳои иҷтимоӣ, хусусан маошу нафақа истифодаи шаффофу самараноки маблағҳои буҷетӣ, нигоҳдории сатҳи муътадили нархҳои бозорҳои шаҳр, таҳкими корҳои тарғиботӣ байни аҳолӣ барои сари вақт супоридани маблағи ҳаққи истифодаи барқ, идома додани таҷдиду азнавсозӣ ва таъмири роҳхои Хуҷанд таъкид гардид.
Ба масъулини соҳаи маорифу тандурустӣ бошад барои амалӣ гаштани стандартҳои нави таълиму тарбия,  бештар намудани нақши волидайн дар тарбия фарзандон ва риояи талаботи қонуни масъулияти падару модар дар тарбия фарзанд, боло бурдани сифати хизматрасонии тиббӣ, назорати қатъии маблағҳои хизматрасонии тиббӣ, беҳтар шудани фаъолияту хизматрасонии маркази “Ёрии таъҷилӣ” супоришҳои мушаххас дода шуд.
Бахшҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии шаҳр вазифадор гаштанд,ки ба раванди ташкили курсҳои бозомӯзӣ, азхудкунии касбу кор ва корҳои хонагӣ эътибори ҷиддӣ дода, ҷалби ҷавондухтарону занони бекорро ба ҳунарҳои мардумӣ зиёд гардонанд.
Раиси шаҳри Хуҷанд аз мутасаддиёни соҳа талаб намуд,ки дар муассисаҳои таълимӣ дарсҳои тарбиявӣ дар мавзӯъҳои ватандӯстӣ ва ташвиқи арзишҳои дунявӣ пурзӯр намуда, таҳияи барномаю намоишҳои телевизионӣ ва таҳияи филмҳои дорои андешаҳои меҳанпарастиро пешбинӣ намуда, дар мавриди сохтмон ва азнавсозии иншооти варзишӣ, баргузор намудани мусобиқаҳои варзишӣ, фарҳангӣ фароғатӣ, ва зиёд намудани теъдоди иншоотҳои барои чунин чорабиниҳо пешбиншуда тадбирҳои саривақтӣ андешанд. Соли ҷори дар иди Наврӯз баргузории фестивали лола дар маркази вилоят пешбинӣ гаштааст. Бо назардошти ин таҳияи барномаи ҷолиб, вусъати корҳои омодагӣ қайд карда шуд.
Дар интиҳои кори ҷаласа  Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода аз ҳозирон даъват намуд,ки  барои сазовор пешвоз гирифтани 25 солагии ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷроиши дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳар як шаҳрванд масъулин ва хизматчии давлатӣ саҳми арзандаи хешро гузорад.