(3 голоса, среднее 5.00 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДӯстони азиз!
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд кормандони мақомоти гумрукро бо иди касбиашон ва 23-солагии таъсисёбии мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод гуфта, барояшон дар иҷрои вазифаи басо мушкилу масъулиятнок   барору комёбиҳо орзу менамояд.
Таъсисёбии мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамқадами Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Гумрук дар ҳаёти ҳар як давлати соҳибистиқлол аҳамияти фавқулода дорад, зеро аз кори мақомоти гумрук на танҳо таъмини молиявии соҳаҳои гуногуни фаъолияти давлат, балки бехатарии иқтисодӣ, фарҳангӣ, идеологӣ ва экологии он вобастагии бевосита дорад. Кормандони гумруки шаҳр дар доираи ваколатҳои худ бар зидди қочоқ ва дигар ҷиноятҳо, ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ мубориза мебаранд.
Имрӯзҳо кормандони гумрук дар дидбонгоҳҳои зертобеъ адои вазифа намуда, барои рушди фаъолияти гумрукӣ, муҳофизати амнияти иқтисодӣ ва щанӣ гардонидани буҷаи мамлакат дар ободонию шукуфоии шаҳрамон саҳми босазо гузошта истодаанд.
Боиси қаноатмандист, ки кормандони мақомоти гумрук аз коргарони оддӣ сар карда, то роҳбарият бо дарки баланди масъулиятшиносию меҳанпарастӣ, худшиносию худогоҳӣ фаъолияти худро пеш мебаранд.
Бори дигар ҳамаи кормандони мақомоти гумрукро бо иди касбӣ ва 23-солагии таъсисёбии мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, дар адои хизмати пуршарафу пурмасъулият ба манфиати давлат ва халқи Тоҷикистони азиз саломатӣ, азму иродаи қавӣ ва барору комёбиҳо орзу намуда, барояшон сиҳату саломатӣ, ободии рӯзгору осмони соф таманно менамоям.
Сарбаланду муваффақ бошед!

Раиси шаҳри Хуҷанд                                                Раҷаббой Аҳмадзода