(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Бахши ҷавонон, сайёҳӣ, варзиш ва комиссияи ҳимояи ҳуқуқи кӯдакон аз фаъолияти худ натиҷагирӣ намуданд.Тибқи нақша чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, имрӯз маҷлиси ҷамбастии бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Хуҷанд ва фаъолияти комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдакӣ назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар соли 2015 ва вазифагузориҳо барои соли 2016 баргузор гардид. Дар кори ҷаласаи номбурда сарварои мактабҳои варзишӣ, роҳбарони ширкатҳои сайёҳӣ, раисони шуъбаи кор бо ҷавонони Донишгоҳҳои олӣ, коллеҷҳо ва гирандагони стипендияи Президентии Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзҳои комиссися оид ба ҳуқуқии кӯдаки мақомоти иҷроияи ҳокимияти далатии шаҳри Хуҷанд иштирок намуданд. Ҳамчунин дар кори иҷлосия сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд Зариф Мирдадоев, мудири Бахши ҳуқуқи кӯдаки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Муҳаббат Ҳомидова ва ёрдамчии прокурори шаҳри Хуҷанд Лайло Мадазимова ширкат намуданд. Баъди ифтитоҳи кори ҷаласа аз ҷониби муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Умедахон Муродӣ ҳозирон  ҳисоботи Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдакӣ назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷандро доири фаъолияти онҳо дар соли гузашта шуниданд.
Мудири бахши ҷавонон, варзиш ва саёҳии шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Исматҷонов бо маърӯзаи ҳисоботӣ баромад намуда, доири фаъолияти ташкилоту муассисаҳои марбути бахш дар соли 2015 маълумоти муфассал дод. Баъдан Сарвари Муассисаи давлатии «Мактаби варзишии бачагон ва наврасони №2»-и шаҳри Хуҷанд Маҳкамҷон Махкамов Сарвари Муассисаи давлатии «Мактаби махсуси варзишии бачагон ва наврасон оид ба намудҳои бокс» Баҳром Усмонов, мудири Шӯъбаи кор бо ҷавонони Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон Абдувалӣ Акбарзода ба музокира баромада бобати бурду бохти соҳа сухан гуфтанд.
Аз рӯи масъалаи дуюми рӯзномаи маҷлис доир ба ҷамъбасти фаъолияти комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдаки назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ба Мадинахон Салимова маърӯза намуд.
Баъди шунидани ҳисобот Сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд Зариф Мирдадоев, мудири Бахши ҳуқуқи кӯдаки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Муҳаббат Ҳомидова ва ёрдамчии прокурори шаҳри Хуҷанд Лайло Мадазимова доири масъалаҳои ҷаласа изҳори назар намуданд.
Дар интиҳои маҷлиси ҷамбастии соҳаҳои номбурда муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Умедахон Муродӣ дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзодаро доири таҳкими корҳои маърифатию ватандустӣ, ҷалби ҷавонон ба корҳои ободкорию созандагӣ ва пешгирӣ намудани омилҳои гаравидани ҷавонон ба гурӯҳхои ифротӣ, ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон дар оила ва ба хусус дар оилаҳои ноустувор ба самъи ҳозирон расонд.