(4 овоз, миёна 4.00 аз 5)

Нишасти матбуотии Раиси шаҳри Хуҷанд.Тибқи нақшаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд нишасти матбуотии Раиси шаҳри Хуҷанд, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода доир гашт.
Дар нишаст хабарнигорони расонаҳои иттилоотии маҳалливу хориҷии ширкат намуданд.
Баъди қисмати ифтитоҳӣ қаблан Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода аз натиҷаҳои соҳаҳои хоҷагии халқи маркази вилоят соли 2015 маълумоти мухтасар дод.
«Дар соли таърихии 2015-ум хоҷагиҳои халқи шаҳри Хуҷанд фаъолияти хешро дар партави эълони Соли 2015- соли оила, соли идомаи роҳҳои обод, соли рушди фарҳанг ва гулҳо, ки аз ҷониби Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ва раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ сарчашма гирифтааст, ба роҳ монданд.-маълумот дод ба ҳозирин Раиси шаҳр. Дар ин сол бо раъйи мардуми гавҳаршиноси тоҷик ва овоздиҳии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонун дар бораи «Асосгузори сулҳу ваҳдат – Пешвои миллат» қабул гардид, ки нишони арҷгузорӣ ба заҳматҳои рӯзафзуни Президенти мардумии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст.
Дар ин давра 48 адад корхонаҳои нави калону миёнаи истеҳсолӣ таъсис дода шуда, шумораи умумии корхонаҳои саноатӣ шаҳр ба 167 адад расид, ки танҳо аз ҳисоби ин корхонаҳои нав 729 нафар шаҳрвандон бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд.
Инчунин номгӯи намуди маҳсулотҳои саноатӣ низ зиёд шуданд, ки онҳо асосан аз ашёи хоми маҳаллӣ истеҳсол гардида, ба 14 давлатҳои муштараку манофеъ содирот карда шуда истодаанд.
Ҳамзамон натиҷаҳои ба дастомадаи нишондиҳандаҳои иќтисодӣ ва чораҳои андешидашудаи ин давра ба мо имкон дод, ки иҷрои наќшаи буҷети давлатӣ 106,2 фоиз ва буҷети маҳаллӣ 106,0 фоиз таъмин гардид, ки аз наќшаҳои пешбинишуда мутаносибан дар ҳаҷми 16,2 миллион сомонӣ ва 6,0 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Бояд зикр намуд, ки ҳамаи 11 намуди андозҳои буҷети давлатии шаҳр пурраю барзиёд таъмин гардид.” қайд намуд дар баромади худ Раиси шаҳри Хуҷанд.
Баъдан, суҳбати озод, суолу посухи хабарнигорон бо Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ва масъулини соҳаҳо сурат гирифт. Санавбар Мақсудова, хабарнигори радиои Тоҷикистон  дар бораи баргузории фестивали лола дар рӯзҳои таҷлили ҷашни Наврӯз дар Хуҷанд,, Мирзоаъзам Мақсудов хабарнигори нашрияи «Минбари халқ»  бобати таҷлили санаҳои таърихӣ дар соли равон, Ҷовиди Аштӣ намояндаи нашрияи «Ҷумҳурият» дар вилояти Суғд дар бораи теъдоди ҷойҳои корӣ, Ҷӯра Юсуфӣ сармуҳаррири нашрияи «Дам» ва Хуршеда Содиқова хабарнигори «Согдийская правда» дар мавриди иншоотҳои навбунёд ва риояи талаботу меъёрҳои сорхтмонию меъморӣ, Мутриба Ниёзова хабарнигори радиои «Шаҳри ман» доири вазъи муассисаҳои томактабӣ ва маориф, Тавҳида Ҷӯраева муовини сармуҳаррири нашрияи «Ҳақиқати Суғд» дар бораи идомаи роҳҳои обод дар соли 2016, ҳамчунин чанде аз хабарнигорони телевизион ва радиои маҳаллӣ суолҳои худро пешкаш намуда, аз Раиси шаҳри Хуҷанд ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.