(4 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Кӯчаи марказии маҳаллаи «Навбаҳор» азнавсозӣ мегардад.Дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва бахшида ба 25 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ар шаҳри Хуҷанд корҳои созандагию ободкорӣ оғоз гаштанд. Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ҳамроҳи масъулини идораи ободонӣ, кабудизоркунӣ, чароғонкунӣ ва сохтмони шаҳр яке аз кӯчаҳои маҳаллаи «Навбаҳор»,- «30 солагии Ғалаба» боздиди корӣ анҷом дод. Тибқи нақша дар соли ҷорӣ кӯчаии мазкур пурра азнавсозӣ мегардад. Мувофиқи супориши Раиси шаҳри Хуҷанд бояд идораҳои дахлдори ҳифзи муҳити зист ва ободонӣ дарахтҳои хушкида ва беморро бурида дар ҷойи он ниҳолҳои ҳамешасабзи сӯзанбарг шинонанд. Идораи чароғонкунӣ ва роҳсозӣ бошад сутунпояҳои чароғҳои равшандиҳандаро рангубор намуда, фурӯзонакҳои онро ба фурӯзонакҳои светодиодӣ иваз хоханд кард. Тамоми гулгашту майдонҳои қади ин кӯча ва мобайни он сабзпӯш ва гулзор карда хоҳад шуд.
Ҳамчунин Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ба масъулин супориш дод,ки дар рӯзҳои наздиктарин бахшида ба 25 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни «Беҳтарин маҳаллаи шаҳр» эълон карда шавад. Тибқи дастури Раиси шаҳр низомномаи озмун таҳия ва тасдиқ карда шуда, барои маҳаллаи беҳтарин 20 ҳазор сомонӣ, барои ишғоли ҷойидуюм 15 ҳазор сомонӣ ва барои маҳаллае, ки сазовори ҷойи сеюм мегардад 10 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ муқаррар мегардад.