(1 голос, среднее 5.00 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Дар боғи ботаники шаҳр ниҳолҳои нав мешинонанд.Дар боғи ботаники шаҳри Хуҷанд мавсими ниҳолшинонӣ ва шинондани гулу буттаҳои  ороишӣ оғоз ёфт.
Назар ба иттилои масъулин, айни замон бештар 10 нафар кормандону мутахассисони ин боғ ба решакан ва буридани ниҳолу дарахтони аз нашъунамо монда ва омоданамудани майдони гулзоркунӣ машғуланд.
Тибқи нақша кормандон ният доранд  давоми мавсим бештар 500 бех ниҳол ва 5 ҳазор гули лола шинонанд.
То имрӯз ба ҷойи дарахтони хушкида 50 бех ниҳоли «Сарвинози аризонӣ», 50  бех «Ёси ҳиндӣ», 140 бех «Сарвинози ҳамешасабз», шинонда шудааст. Ҳамчунин боғдорон ният доранд иловатан пиёзаки лолаи навъи ҳолландӣ ва ниҳолҳои навъи «Санавбар», «Сарви шарқӣ» «Магнолияи баргрез»-ро то интиҳои мавсим шинонанд. Боғи ботаники шаҳри Хуҷанд яке аз мавзеҳои боғдорӣ ва растанипарварии марказивилоят буда, дар ин боғ бештар аз 100  намуди ниҳолу дарахтва гулу гулбуттаҳои гуногун нигоҳубин ва парвариш меёбанд.