(2 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Раиси шаҳр аз рафти корҳои якчанд сохтмонҳо дидан намуд.Дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба 25 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази вилоят, - шаҳри Хуҷанд бештар 100 иншооти мухталиф ба истифода дода мешавад.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода бо мақсади шиносоӣ аз рафти сохтмони қисме аз ин иншоотҳо дидан намуд.
Қаблан Раиси шаҳри Хуҷанд аз корҳои сохтмонии  бинои   толори  варзишии тамрини  гимнастикаи бадеӣ барои наврасон  бо 200  ҷойи нишаст ва меҳмонхонаи варзишгарон ошно шуд. Иншооти мазкур ба соҳибкори инфиродӣ Фахрон Азизов таалуқ дошта, бунёди иншоотҳои номбурда давоми чанд сол аст, ки тӯл мекашад. Раиси шаҳри Хуҷанд суръати корҳои сохтмонӣ, иҷроиши талаботҳои лоиҳавӣ ва сифати онро ғайриқаноатбахш хонда, барои анҷоми корҳои пешбинишуда ва ба анҷом расондани корҳоиободонии атрофи иншооти сохташаванда мӯҳлат муқаррар намуд. Ба масъулин дастур дода шуд, ки дар сурати идома ёфтани мӯҳлати сохтмон ва иҷро нагардидани меъёрҳои сохтмонӣ чораҳои қонунӣ андешида шавад.
Раиси шаҳри Хуҷанд ҳамчунин аз сохтмони биноҳои истиқоматие,ки аз ҷониби Ширкати сохтмонии “Бунёд-1” идома дорад, дидан намуд. Иншооти нав ду бинои баландошёнаи истиқоматии 90 ҳуҷрагиро дар бар гирифта, алҳол дар корҳои сохтмонию пардозгарӣ бештар аз 100 нафар ҷалб шудаанд. Бинои дигаре, ки маркази хизматрасонӣ, қавахона, маркази савдо ва ҳуҷраҳои истиқоматиро дар бар мегирад, аз ҷониби соҳибкори инфиродӣ А. Тоҳиров бунёд мегардад. Дар ин иншооти сохтмонӣ 70 нафар сохтмончӣ дар ду баст фаъолият дошта, соҳибкор ният дорад дар арафаи ҷашни 25 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода диҳад.
Раиси шаҳри Хуҷанд бо ҳамроҳии масъулини соҳаи дахлдор аз корҳои сохтмонии ширкатҳои “Фламинго”, “Бинокор- бунёдкор”, Сомон -Суғд”, “Соҳибкори  инфиродӣ  Ахмедов” низ дидан намуд. Дар ҳар кадоме аз сохтмонҳое, ки аз ҷониби ширкатҳои номбурда идома дорад, аз 25 то 70 нафар бо ҷойи корӣ ва ҳисоби миёнаи маоши 1500 сомонӣ таъминанд.
Раҷаббой Аҳмадзода ба роҳбарияти ширкатҳои номбурда доираи риояи ҳатмии  талаботҳои сохтмонӣ, истифодаи маҳсулоти босифати сохтмонӣ, ба анҷомрасондани корҳои ободонӣ ва сабзпӯшкунӣ, талаботи бехатарии кормандон дастуру супоришҳо дод.
Раҷаббой Аҳмадзода аз кулли ширкатҳои сохтмонӣ ҳамчунин тақозо намуд, ки дар намуду сохтмони тамоми иншоотҳои нав бояд унсурҳои миллии меъморию сохтмонӣ ва ороиши суннатӣ истифода гардад.