(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Сарфи ду миллион сомонӣ дар соли «Фарди солим»Дар доираи эълон гаштани «Соли 2016 - соли фарди солим» Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  шаҳри Хуҷанд якчанд чораю тадбирҳои мушаххас андешидааст.
Дар асоси ин нақша таъмиру азнавсозӣ ва бунёди чанде аз муассисаҳои тиббии маркази вилоят дар назар дошта шудааст.
Имрӯз Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода бо мақсади шиносоӣ аз вазъи имрӯза ва фаъолияти табибон аз Таваллудхонаи шаҳрӣ боздиди корӣ намуд.
Таваллудхонаи мазкур соли 1996 ба истифода дода шуда, барои қабулу муоинаи 140 нафар занон дар 8 шӯъба пешбинӣ шудааст.
Ҳайати кормандон 245 нафар буда, аз 37 нафар духтурони соҳибтахассус 2 нафар номзади илми тибб, 22 нафар табибони дараҷаи олӣ ба ҳисоб мераванд. Сардухтури ин муассиса Шоира Бузрукова  ба Раиси шаҳри Хуҷанд иттилоъ дод, ки дар таваллудхона  захираи барзиёди сӯзишворӣ,- зиёда аз 130 тонна ангишт омода карда шуда, мавсими гармидиҳиро таваллудхона аз 22 октябри соли гузашта оғоз намуда буд.Ҳамчунин таъкид гардид имрӯз табибон ба тамоми шароитҳои лозима таъмин буда, муоинаю табобат ва ташхис тариқи таҷҳизоти муосири тиббӣ ба роҳ монда шудааст.
Раҷаббой Аҳмадзода баъди шиносоӣ бо шӯъбаҳои таваллудхона зикр намуд, ки дар асоси дастуру супоришҳои сарвари давлат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи эълон гаштани соли ҷорӣ аз ҷониби Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ чун соли фарди солим ҳамчунин бо мақсади баланд бардоштани  сатҳу сифати хизматрасонӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид  барои таъмири боми бинои таваллуд хона 300 ҳазор сомонӣ аз буҷаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ба назар гирифта шудааст.
Раиси шаҳри Хуҷанд ба роҳбарияти таваллудхона ва идораи сохтмони асосӣ супориш дод, ки дар баробари таъмири хушсифати боми бино, ҳамчунин корҳои ободкорию ниҳолшинонӣ, гулзоркунӣ,  азнавсозии мавзеҳои истироҳатӣ, таваққуфгоҳ и нақлиёт ва чарғонкунии ҳудуди таваллудхонаро низ ба нақша гиранд. Лозим ба ёдоварист, ки соли равон барои таъмиру азнавсозии муассисаҳои тиббии шаҳри Хуҷанд ва беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ, ҳамчунин шароити фаъолияти табибон аз буҷаи шаҳрдорӣ сарфи ду миллион сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.