(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

100 иншооти нав ба истиқболи 25 солагии Истиқлолияти  Тоҷикистон.Бахшида ба истиқболи 25 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази вилоят шаҳри Хуҷанд бунёду ба истифода додани бештар аз 100 иншоот пешбинӣ шудааст.
Тибқи нақша дар маркази вилоят давоми сол ба фаъолият шурӯъ намудани 20 коргоҳи нави истеҳсолӣ, 20 хонаи баландошёна, як бинои баландошёнаи истиқоматӣ аз ҳисоби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд барои  кормандони сохторҳои  давлатӣ, меҳмонхонаи замонавӣ, 15 майдончаи варзишӣ, ду толори варзишӣ, 4 майдончаи варзишии бо алафи сунъӣ, 3 кӯдакистони нав бо имкони қабули 240 нафар кӯдак дар ҳар кадоми аз ин боғча бунёди мактаби нав, 4 чойхона, тарабхонаю марказҳои хизматрасонӣ ва ғайра дар назар аст. Дар баробари ин соли равон маҷмаи таърихию фарҳангӣ бо гузоштани муҷассамаи Темурмалик дар соҳили дарёи Сир низ сохта шуда, боз як мавзеи истироҳату фароғати сокинону меҳмонони Хуҷанд хоҳад буд.