(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Мусобиқаи футболбозони ҷавон «Бойчечак» оғоз мегардад.Тибқи нақшаи чорабиниҳои Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Хуҷанд бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, дар маркази вилоят мусобиқаи шаҳрии футбол барои дарёфти ҷоизаи «Бойчечак-2016» байни бачагони соли таваллудашон 2003-2004, 2001-2002 ва 1999-2000-ум гузаронида мешавад.
Мақсад аз баргузории ин чорабинии варзишӣ тадбиқи барномаи рушди футбол барои солҳои 2012-2016, ташвиқу тарщиби тарзи ҳаёти солим, пайдо намудани футболбозони навраси болаёқат ва ба дастаи мактабҳои варзишии бачагону наврасон ҷалб намудани онҳо ба бозии футбол мебошад.
Мусобиқа аз санаи 5 то 31 январ соли 2016, дар майдончаи варзишии Муассисаи давлатии «Мактаби варзишии бачагон ва наврасони №1»-и шаҳри Хуҷанд баргузор мегардад. Ҷаласа ва қуръапартоӣ бо мураббиёни дастаҳо санаи 4 январи соли 2016 дар Муассисаи давлатии «Мактаби варзишии бачагон ва наврасони №1»-и шаҳри Хуҷанд баргузор мегардад.