(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Ҷаласаи нахустини кори Раиси шаҳр дар соли нав.Субҳи имрӯз Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода  ҷаласаи васеи кориро бо иштироки кормандони мақомоти шаҳрӣ, муовинон,мудирони шӯъба масъулини дастгоҳи раиси шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, раисони кумитаи маҳаллаҳо, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ баргузор намуд.
Раиси шаҳри Хуҷанд бо мақсади иҷроиши саривақтии дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар назди роҳбарони воҳидҳои сохтории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти дапвлатии шаҳри Хуҷанд вазифагузорӣ намуд.
Раҷаббой Аҳмадзода доири таҳлили вазъи соҳаҳои мухталифи шаҳр аз масъулини соҳа пурсиш намуда, қабл аз хама ба рушди соҳаи иқтисодиёт ва саноат таваҷҷӯҳ намуд.
Назар ба маълумоти оморӣ соли гузашта, чанде аз корхонаҳои соҳа фаъолияти назаррас надоштанд ва ҳатто баъзе аз онҳо аз фаъолият бозмонданд. Раиси шаҳр супориш дод,ки ҳолату вазъи ин корхонаҳоро таҳлил намуда, барои барқарор намудани фаъолияти онҳо чорахо андешида шавад. Тибқи нақша бошад, дар соли оғозгардида ба фаъолият шурӯъ намудани боз 20 корхонаи истеҳсолӣ пешбинӣ гашта, ҷойҳои нави корӣ ташкил карда хоҳад шуд.
Раҷаббой Аҳмадзода таваҷҷӯҳи масъулини соҳаи номбурда ва идораи оморро ба он равона сохт, ки маълумоти омории ҷойҳои корӣ, ҳаҷми истеҳсолот бояд дақиқ бошад. Дар баробари ин таъкид гардид,ки бояд иншоотҳои харидашудаи соҳибкорон мавриди бозбинӣ қарор дода шуда, истифодаи мақсадноки онҳо мавриди санҷиш қарор дода шавад.
Дар сохаи маориф бошад бобати назорати қатъии пешгирӣ  намудани қонунвайронкунӣ, риояи либоси ягонаи мактабӣ, сифати таълим ва тарбия, таъмини мактабҳои шаҳр ва ширхоргоҳҳо бо системаи ягонаи алоҳидаи гармидиҳӣ, супоришҳои мушаххасдода шуд. Раҷаббой Аҳмадзода зикр намуд, ки соли 2016 боз барои 1500 нафар кӯдакон ҷойҳои иловагии нав дар кӯдакистонҳо ва бунёди ду боғчаи бачагона пешбинӣ гардидааст.
Дар сохаи тандурустӣ бо назардошти эълон гаштани «Соли 2016 соли фарди солим» ба истифода додани бинои нави «Маркази ёрии таъҷилӣ» Беморхонаи касалиҳои сил, таъмири марказхои саломатӣ, бо таҷҳизоти нав таъмин гаштани онҳо, омода намудани лоиҳаи бинои нави Беморхонаи  касалиҳои сироятӣ ба нақша дароварда шудааст. Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода супориш дод, ки назорати қатъии хизматрасонии ройгони тиббӣ барои шахсони дар рӯйхати эҳтиёҷманд қарор дошта бурда шуда, сифати хизматрасонии тиббӣ бояд ҷавобгӯи талаботи сокинон бошад.
Ба муовинон,-сарпарасони соҳа дастур дода шуд, ки барои баргузории озмуни беҳтарин муассисаҳои соҳаи маориф ва тиб чораҳо андешида шавад.
Эътибори махсус дар ҷаласа ба сари вақт баррасӣ намудани муроҷиати шаҳрвандон ва ҳалли мушкилоти сокинон дода шуд.
Ҳамчунин Раиси шаҳри Хуҷанд вобаста ба ба мувозинати кумитаи маҳаллаҳо гузаронидани чойхонаҳо ва нуқтаҳои хизматрасонии дар ҳудуди маҳаллаҳо буда, идома додани корҳои ободонию чароғонкунӣ, зиёд намудани мавзеҳои фарҳангӣ- фароғатӣ дар шаҳр, тарғиби арзишҳои миллӣ, маърифати шаҳрдорӣ, либоспӯшӣ, тозагии хиёбону гулгаштҳо, таҳияи барномаҳои ҷолибу рангин бахшида ба иду санаҳои таърихӣ, ба хусус дар сатҳи баланд баргузор намудани фестивали лолаҳо дар рӯзҳои таҷлили Наврӯз ва 25 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дастуру супоришҳои мушаххас дод.