(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Шоми солинавии  шаҳри Хуҷанд  пуршукӯҳ  доир гашт.  Ин шом дар майдони «Ситораҳои Хуҷанд»   чорабинии оммавӣ  ва шоу консерти Ҳунармандону устодони санъати вилояти Суғд   бо шукуҳу шаҳомати хоса доир  гашт.
Муовини Раиси вилояти Суғд  Анвар Яъқубӣ  табрикоти Раиси вилоят  Абдураҳмон Қодириро  ба самъи ҳозирон расонд.
Дар назди     иштирокдорони    чорабинии солинавӣ  Раиси шаҳри   Хуҷанд  Раҷаббой Аҳмадзода  баромад намуда   кули иштирокдорони  ин ҳамоиши идонаи фархундаро бо фарорасии соли нави мелодӣ  табрик намуданд.
«Дар ин лаҳзаҳои идона ҳамаи Шумо сокинони Хуҷандшаҳрро бо фарорасии соли нави мелодии 2016 самимона табрик гуфта, ба ҳар яки Шумо тансиҳативу рӯзгори осуда, бахти пояндаву иқболи нек ва зиндагии пурфайзу бобаракатро орзу мекунам». Бо ифтихор метавон зикр кард, ки соли 2015 барои сокинони Тоҷикистони азиз соли комёбиҳои бузург ва дастоварҳои назаррас буд. Бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Президенти кишвар, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон ба кишвари озоду обод ва мутамаддину пешрафта табдил ёфтааст. Маҳз дар заминаи кӯшишҳои пайваста ва фидокоронаи ин абармарди миллат давлати куҳанбунёди мо бо ҷилои нав эҳё гардид. Ҷиҳати қадршиносии корҳои неку писандидаи ин сарвари хирадманд Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як овоз дар ҳамраъйии тамоми мардуми шарифи кишвар Қонун «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдат-Пешвои миллат» -ро қабул кард ва хушбахтона он рӯзи гузашта ба имзо расид. Ин падидаи барои миллати тоҷик фараҳбахшро тамоми қишри ҷомеа бо хурсандию шодмонӣ пазируфт. Сокинони шаҳри бостонии Хуҷанд низ аз ин башорати неку пайғоми мунаввар шоду мамнун гардиданд.
Сокинони шаҳри Хуҷанд дар соли сипаригардидаистода- дар Соли оила, Соли рушди фарҳанг ва гулҳо, идомаи роҳҳои обод меҳнати пурсамар намуда, дар таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд муҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ дар ин самт талош варзиданд.
Итминони комил дорем, ки дар соли 2016- соли ҷашнгирии 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ватани азизамон боз ҳам шукуфонтар гардида, мардуми он дар фазои сулҳу субот корҳои созандаву бунёдкоронаро идома хоҳанд дод».
Сипас  натиҷаи  фестивал-озмуни барномаи беҳтарини солинавӣ  эълон карда шуд.
Озмуни мазкур дар асоси қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз санаи 16 декабр то   28 декабри соли равон дар майдони «Ситораҳои Хуҷанд» баргузор гашта дар он   муассисаҳои таълимии олӣ ва миёнаи махсуси  шаҳр ширкат намуданд. Ҳайати ҳакамон иборат аз   9 нафар мутахассисони  соҳаи фарҳангу санъат иборат буданд,  бо баҳогузории  10 балла ғолибонро муайян намуданд. Тибқи низомнома иштирокдорон бояд барномаи беҳтарини солинавиро иборат аз 11    барномаи  алоҳида  манзури тамошобинон менамуданд.
Ҷойи сеюм бо 96 балл насиби Донишкадаи иқтисод  ва савдои Донишгоҳи тиҷорати  Тоҷикистон, ҷойи дуюм насиби  бо 99 хол  насиби  Коллеҷи тиббии  шаҳри Хуҷанд   гашт.
Ҷойи ифтихории   якумро  барои  омода намудани    барномаи беҳтарини солинавӣ   бо   гирифтани   99,2  балл   Донишкадаи политехники Донишгоҳи  техники  Тоҷикистон сохиб гашт.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой   Аҳмадзода  дар лаҳзаи   мутантан   ба ғолибон  ва иштирокдорони фестивал-озмуни барномаи беҳтарини солинавӣ    тӯҳфаҳои    арзишманди  Мақомоти  иҷроияи ҳокимияти  давлатии  шаҳри Хуҷанд    ва дипломи  ғолибиятро супорид.
Ҳамчунин  барои иштироки фаъолона   ба Донишгоҳи Давлатии  Хуҷанд ба  номи академик Б. Ғафуров ва Донишгоҳи  давлатии  ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон  ва коллеҷи санъати ба номи С. Ҳофиз  Ифтихорномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  шаҳри Хуҷанд супорида  шуд.