(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Мулоқоти самимии Раиси шаҳр бо Шаҳрвандони фахрии  Хуҷанд.Дар интиҳои сол Раиси шаҳриХуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода бо собиқадорони меҳнат,- Шаҳрвандони фахрии шаҳри Хуҷанд дар сари дастурхони солинавӣ мулоқоти самимӣ анҷом дод.
Раиси шаҳри Хуҷанд ба собиқадорони меҳнат аз натиҷаҳои соли 2015 дастовардҳои он, нақшаҳои амалигашта маълумоти мухтасар дода, зикр намуд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ҳамарӯза ба таҷриба, дониш, маслиҳати шахсони барнодил, Шаҳрвандони фахрии шаҳри Хуҷанд такя мекунад.
«Соли сипаригаштаистода маҳз бо дастуру раҳнамоии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаҳои гуногуни шаҳри Хуҷанд ба натиҷаҳои назаррас ва қобили қайд ноил гаштем. Ба таври хоса мехоҳам дар мавриди қабули қонунидар баробари чанд воқеаҳои фараҳбахши хотирмон ин қабули Конуни Чумхурии Точикистонро «Дар бораи Асосгузори сулху вахдати милли – Пешвои миллат»- номидани сарвари муаззами мо тоҷикон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Зеро дар хақиқат,Ҷаноби Олӣ, Пешвои воқеии миллат хастанд.»- қайд намуд Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода.
Дар навбати худ собиқадорон  Шуҷоат Ҳасанова, Мамадхон Эшонов барои ғамхории пайваста, таваҷҷӯҳи самимии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон нисбати собиқадорон изҳори сипосмандӣ намуданд.
«Мо ҳамеша худро дар сафи пеши тамоми корҳои созандагию ободокории кишварамон эҳсос мекунем. Мо низ дар ҷавоб ба ин ғамхориҳо кӯшиш мекунем, ки барои тарбияи насли наврас кадрҳои ҷавону умедбахш саҳмгузор бошем» таъкид намуданд Шаҳрвандони фахрии шаҳри Хуҷанд.
Ба ҳамаи онҳо тӯҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  шаҳри Хуҷанд тақдим гардид.