(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Кӯдакони қувваи босираашон суст соҳиби тӯҳфаи солинавӣ  гаштанд. Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода бо мақсади иҷроиши дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи соли нави омадаистода аз чанде аз муассисаҳои иҷтимоӣ дидан намуда, дар чорабиниҳои солинавии онҳо ширкат менамояд. Имрӯз Раҷаббой Аҳмадзода аз муассисаи таълимӣ барои кӯдакону наврасони нобино ва қувваи босираашон суст дидан намуд.
Дар муассисаи мазкур 90 нафар кӯдакону наврасон таълиму тарбия мегиранд. Қайд намудан ба маврид аст, ки ин ягона муассисаест, ки кӯдакони синни то мактабӣ ва  мактабиро дар як вақт ҳам ба тарбия ва ҳам ба таълиму табобат фаро гирифтаанд.
Муассиса ба 15 нафар кӯдакон ва 75 нафар хонандагони иллати биноӣ дошта, бо усули махсус ва тавассути алифбои «Брайл» таълим медиҳад. Моҳи гузашта ҳангоми боздиди Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Ахмадзода аз шароити ин таълимгоҳ роҳбарияти  идораи маориф  ва омӯзгорон доири таъмирталаб будани баъзе аз ҳуҷраҳои ин муассиса ва иваз намудани фарши таълимгоҳ ба Раиси шаҳри Хуҷанд муроҷиат намуда буданд. Ва инак бо гузашти камтар аз як моҳ ҳуҷраҳои таъмирталаби ин муассиса бо мусоидати соҳибкори инфиродӣ Шавкатҷон Алиев ва ширкати сохтмонии «Имратсоз» ба маблағи бештар аз 100 ҳазор сомонӣ корҳои таъмири куллӣ ва азнавсозӣ бо сифат ба анҷом расонда шуд. Омӯзгорону таълимгирандагони ин муассиса соли навро дар ҳуҷраҳои гарму равшан пешвоз мегиранд.
Раиси шаҳри Хуҷанд ҳангоми  боздид аз корҳои таъмир дидан намуда  аз сифати он изҳори қаноатмандӣ намуд. Ҳамчунин ба ғайр аз таъмири ҳуҷраҳо, фарши онҳо бо рӯйпӯши гармидиҳии барқӣ пӯшонда шуда, барои истироҳату фароғати бароҳати тарбиягирандагон мусоидат менамояд.
Ба ҳамаи кӯдакон аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд тӯҳфаҳои солинавӣ тақдим гардида, дастурхони хайриявии идона ороста шуд.