(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Раиси шаҳри собиқадорони ҷангу меҳнатро аёдат намуд.

Дар асоси дастуру супоришҳо супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон аёдату хабаргирӣ ва расондани кӯмаки моддӣ дар арафаи ҷашну маросимҳо ба ҳукми анъана даромадааст. Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода барои расондани кӯмаки яквақтинаи моддӣ ва табрикоти солинавӣ ба аёдати чанде аз собиқадорони ҷангу меҳнат рафт.
Раиси шаҳри Хуҷанд нахуст ба ҳавлии  иштирокчии  Ҷанги Бузурги Ватанӣ Мирзоқосим Мирзохонови 90 сола омад. Номбурда  баъди чанд рӯз дар иҳотаи фарзандону пайвандони худ 91 солагии худро таҷлил хоҳад кард. Раҷаббой Аҳмадзода баробари табрики солинавӣ ин собиқадори ҷангу меҳнатро бо рӯзи мавлудаш низ муборакбод намуд. Аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд ҳамчунин собиқадорони ҷангу меҳнат Григорий Крушин, Самеъ  Ҷалилов, Раҳим Воҳидов, Мамадхон Эшонов аёдат карда шуда, барои онҳо низ баробари тӯҳфаҳои солинавӣ кӯмаки моддию пулӣ расонда шуд. Раҷаббой Аҳмадзода бо нафарони зикргардида мулоқоти самимӣ анҷом дода аз ҳолу саломатӣ ва шароити зисташон пурсон шуд.
Баъдан Раиси шаҳри Хуҷанд аз ҳоли чанде аз нафарони ниёзманд аз шахсони  имконияташон маҳдуд, ки дар бистари беморӣ  ҳастанд низ дидан намуда, барои сари вақт расондани ёрии тиббӣ ва нигоҳдории саломатиашон ба масъулин дастуру супоришҳо дод.
Лозим ба ёдоварист, ки аз ҷониби Мақомоти  иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бештар аз ду ҳазор нафар шахсони ниёзманд аёдат мегарданд.