(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд баргузор гашт.Имрӯз дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи чорум, даъвати панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.
Кори иҷлосияро Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳр Раҷаббой Аҳмадзода ифтитоҳ намуда  ба маълумоти ҳозирон расонд, ки дар кори иҷлосия муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ,роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, раисони кумитаи маҳаллаҳо, сарварони макотиби шаҳр ва дигар фаъолон ширкат доранд.
Баъди интихоби котиботи ҷаласа вакилон ба баррасии  масъалаҳои тасдиқнамудаи худ гузаштанд.
Аз рӯи масъалаи якуми рўзнома ҳозирон ҳисоботи Раиси шаҳри Хуҷандро дар бораи фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар ёздаҳ моҳи соли 2015 шуниданд. Вакилони маҷлиси шаҳрӣ баъди шунидани ҳисобот ба музокира гузаштанд. Вакилон Наим Маликисломов, Муяссара Раҳимова, Набиҷон Сангинов доири ҳисоботи пешниҳодшуда андешаи худро баён сохта фаъолияти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи маркази вилоятро назаррас арзёбӣ намуданд. Вобаста ба барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр барои солҳои 2016-2020 мудири шўъбаи иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи шаҳри Хуҷанд Усмонҷон Алимов маърӯза намуд. Бобати таҳкими заминаҳои моддӣ ва моли муассисаҳои иҷтимоӣ ва муқаррар намудани сарчашмаҳои маблағгузории он байни маърӯзачӣ ва Раиси шаҳри Хуҷанд муколама сурат гирифт. Қайд гардид, ки бо назардошти вазъи демографӣ бояд омилҳои таъмини насли оянда бо муассисаҳои томактабӣ ва мактабӣ дар мадди аввал бояд ба назар гирифта шавад.
Аз рӯи масъалаи сеюми рўзнома «Дар бораи тасдиқи ҳисоботи буҷети шаҳрӣ Хуҷанд барои соли 2014 ва баррасии лоиҳаи буҷети шаҳрӣ Хуҷанд барои соли 2016» сардори Раёсати молияи шаҳр Абдусалом Бобоҷонов баромад намуд.
Вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр аз ҳавзаи интихоботии «Дўстии халқҳо»,№25- раиси комиссияи  Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд  дар барои муҳокима масъалаи навбатӣ,- ҳисоботи буҷети соли 2015 ва нақшаи буҷет барои соли 2016 «Оид ба масъалаҳои ислоҳоти иқтисодӣ ва буҷет» Ином Аминов андешаи аъзоёни комиссияи номбурдаро бобати иҷроиши буҷет ва нақшаи он барои соли оянда баён намуд. Вакилон якдилона буҷети соли равонро қобили қабул дониста лоиҳаи буҷети соли ояндаро тасдиқ намуданд.
Дар кори иҷлосия ҳамчунин масъалаи «Дар бораи лоиҳаи тағйироту иловаҳо ба нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллии шаҳри Хуҷанд барои соли 2015» тасдиқ гардида, ҳамчунин:
«Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати чорум аз 19 декабри соли 2013, №251 «Дар бораи муқаррар намудани меъёрҳои андоз ва пардохтҳои ҳатмии алоҳида дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд,  сардори нозироти андоз Абдурауф Ҷумаев аз вакилон хоҳиш намуд,ки нархномаи навро барои хизматрасонии  букмэкери, бозии лото, боулинг ва ҷойгир намудани тахтаҳои таблиғотӣ дар ҳудуди шаҳрро тасдиқ намоянд. Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода аз комиссияи дахлдори маҷлиси вакилон ва роҳбарони воҳидҳои сохторӣ  дархост намуд, ки нархномаи пешниҳодшаванда бояд бо соҳибкорон мавриди муҳокима  қарор дода шавад.
Ҳамчунин вакилони шаҳрӣ баъди шунидани пешниҳоди муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Муҳаммадҷонзода Маъруф Тӯхтабой масоҳати ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигиро минбаъд барои шахсони ниёзмандро аз 0,04 га то 0,06 га муқаррар намуданд. Масъалаи ҳафтуми иҷлосия ба «Ҳисоботи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд «Оид ба масъалаҳои сохтмон, саноат ва энергетика, нақлиёту коммуникатсия, хоҷагии манзилию комммуналӣ, савдо ва хизматрасонӣ ба аҳолӣ»» бахшида шуда буд, ки доири он раиси комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд аз ҳавзаи интихоботии «Чашма», №40 Набиҷон Иброҳимзода баромад намуд.
Баъди тасдиқи қарори дахлдор вакилон ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд аз ҳавзаи интихоботии «Ватан», №35 Раъно Хоҷаеваро шуниданд.
Муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадҷонзода тибқи масъалаи навбатии иҷлосия,- «Дар бораи тасдиқ намудани нақшаҳои муфассали тарҳрезишудаи маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд» 10 лоиҳаи аз ҷониби Шӯрои шаҳрсозӣ барррасишударо ба муҳокимаи вакилон пешниҳод намуд. Лоиҳаҳои пешниҳодшуда аз ҷониби вакилон тасдиқ гардид.
«Оид ба номгузории объектҳои физикию ҷуғрофӣ» сухан ба муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Муродӣ Умедахон Бурҳонзода дода шуд. Дар асоси қарори қабул намудаи намояндагони мардуми шаҳр дар назди манзили истиқоматии иштирокчиии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Тоҳир Саидов лавҳаи ёдгорӣ гузошта хоҳад шуд.
Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд дар ниҳоят якчанд қарорҳои Раиси шаҳрро тасдиқ намуданд. Доири вазифаҳои минбаъда ва нақшаҳои иҷрошудаи шаҳру вилоят муовини  Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ суханронӣ намуд.
Бо ҳамин иҷлосияи чорум, даъвати панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд ба кори худ анҷом дод.