(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Хонаи маданияти № 2 номи ҳунарманди номиро гирифт.Гиромидошт ва пос нигоҳ доштани шахсиятҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва шинохтаи кишвар ба номи онҳо гузоштани номи иншооту муассисаҳои гуногун ба ҳукми анъана даромадааст.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода дар маросими бошукӯҳи номгузории Хонаи маданияти № 2 ба номи яке аз асосгузорони санъати театрӣ, коргардон ва балетмейстер, Ҳоҷиумар Қосимов иштирок намуд.
Раҷаббой Аҳмадзода доири фаъолияти эҷодӣ, саҳми арзандаи ин ҳунарманд дар рушду ташаккулёбии санъати театрӣ ва ба воя расондани чандин чеҳраҳои шинохтаи  фарҳангии диёр ҳарф зада, таъкид намуд, ки ба Хонаи маданияти № 2 гузоштани номи Ҳоҷиумар Қосимов барои тарбияи имрӯзаи ҳунармандони ҷавон ва шахсони болаёқат нақши муҳим дорад. Ҳоҷиумар Қосимов соли 1901 дар деҳаи Хакони шаҳри Андиҷон дар оилаи аҳли илм таваллуд гардида аз овони ҷавонӣ ҳаёти худро чун коргардон, сарбалетмейстер ва ҳунарпеша ба санъати миллӣ бахшидааст. Мавсуф дар солҳои 30-юм, 60-уми асри 20 чун ҳунарпешаи нотакрор баҳри рушди санъати тоҷик ҳиссаи калон гузоштааст. Бо иқдоми ӯ дар шаҳри Конибодом, Хуҷанд, деҳаи Қистақӯз театрҳои касбӣ ба фаъолияти доманадор шурӯъ карда, як зумра ҳунарпешагони нотакрорро рӯи саҳна овардааст. Инҳо артистони халқии СССР Ҳанифа Мавлонова, Ғаффор Валаматзода ҳунармандони халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷӯрабек Набиев, Тӯҳфа Фозилова, Каромат Зокирова ва даҳҳои дигар бо омӯзиш ва дастгирии бевоситаи Ҳоҷиумар Қосимов ба қуллаҳои баланди камолот ноил гардидаанд.
Дар театри ба номи Камоли Хуҷандӣ ӯ ба ҳайси коргардони намоишномаҳои “Ду коммунист”-и Яшен, “Андарун”-и Зафарӣ ва даҳҳои дигар намоишҳоро гузошта ба намоишномаҳои “Лайлӣ ва Маҷнун”, “Ошиқ ғариб ва Шоҳсанам” ва ғайра саҳнаҳои рақсиро омода гардонидааст. ӯ пештар дар намоишномаҳои таблиғоти чун ровии оташинсухан ва раққоси беҳамто баромад менамуд.
Ҳоҷиумар Қосимов то охири умр ба санъати касбӣ содиқ монда дар хонаи маданияти шаҳри Хуҷанд ба насли наврас дарси актёрӣ ва рақсиро меомӯхт. Ҳоҷиумар Қосимов дар миқёси ҷумҳурӣ солҳои 50-70–уми асри гузашта нуфузи калон дошта, ҳатто бо пешниҳоди котиби якуми ҳизби коммунисти Тоҷикистон Ҷаббор Расулов дар бинои театри опера ва балети Садриддин Айнӣ соли 1963 ҷашни 63- солагии Ҳоҷиумар Қосимов бо шукӯҳу шаҳомат қайд гардидааст. Дар ин ҷашнвора ситораҳои санъати тоҷик Ҳанифа Мавлонова, Тӯҳфа Фозилова, Аҳмад Бобоқулов ва дигарон иштирок карда ӯро ҳамчун устоди нотакрор муаррифӣ намуда буданд. Шахсан Ҷаббор Расулов қайд карда буд, ки “Ҳунарпешае, ки саропо санъати миллиро фаро гирифта бошад хеле ангуштнамо аст. Хушбахтона Ҳоҷиумар Қосимов аз зумраи чунин шахсон буда баҳри инкишофи санъати миллӣ ҳиссаи калон гузоштааст”.
Ҳоҷиумар Қосимов соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд чашм аз олам пӯшидааст.
Давлат ва ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хизматҳои шоён ӯро бо ифтихорномаҳо, ҷоизаҳо ва унвони баланди Ҳунарманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонидааст.
Ҳунармандони маъруф Сайрам Исоева, Неъматҷон Дӯсматов қадрдонӣ  ва таваҷҷӯҳи пайваста, ҳамчунин  қадрдонии шахсиятҳои маъруфӣ  фарҳангу ҳунар ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   изҳори сипосмандӣ намуданд.
Баъди пардапардорӣ аз рӯи лавҳаи ёдгории  Ҳоҷиумар Қосимов, Раиси шаҳри Хуҷанд аз фаъолияти маҳфилҳои ҳунарии Хонаи маданияти № 2 ошно шуд.
Дар хонаи маданияти мазкур давоми чанд сол  аст, ки маҳфилҳои «Нонпазӣ», «Шоҳмотбозон», маҳфилҳои аксбардорони ҷавон бо номи «Нигоҳи ҷавонон», «Маҳфили ҳозирҷавобон» амал намуда, ҷавонон ва наврасони маҳалли атрофро ба машғулиятҳои фарҳангӣ-ҳунарӣ  фаро гирифтааст.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ба бахши фарҳанги мақомот дастур дод, ки бобати бунёди бинои нави хонаи маданият бо назардошти тамоми шароитҳои муосир лоиҳа пешниҳод намоянд.