(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Мактаби № 31 номи Алиҷон Солиевро гирифт.Имрӯз бо иштироки ҳайати омӯзгорон, шогирдон ва собиқадорони меҳнати шаҳру вилоят дар мактаби таҳслоти умумии № 31 шаҳри Хуҷанд чорабинии ботантана ба ифтихори номгузории мактаби номбурда баргузор гардид.
Тибқи қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд аз 1 июли соли 2015, таҳти №41 ва қарори Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз 29 октябри соли 2015, таҳти №65 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №31–и шаҳри Хуҷанд  номи Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд Солиев Алиҷонрор гирифт. Дар чорабинии ба ин муносибат бахшида шуда Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода иштирок ва баромад намуд. Раиси шаҳри Хуҷанд аз хизматҳои шоёни ин марди накӯном ҳарф зада зиндагинома ва ҳаёту фаъолияти шодравонро имрӯзуфардо намунаи ибрат хонд. Устоди Донишгохи Давлатии шаҳри Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров профессор Усмонҷон Ғаффоров аз лаҳзаҳои кору фаъолияти худ бо Алиҷон Солиев  ёдовар шуда таъкид намуд,ки маҳз бо ташаббуси ин марди хираду бомаърифат газетаи донишгоҳ  бо номи “Маҳорати педагогӣ” имрӯза “Нури  маърифат” таъсис  дода шуда, он чандин насли ҷурналистонро тарбия намудааст. Бинобар он Алиҷон Солиевро барҳақ яке аз ҷурналистони пурмаҳсул меҳисобанд.
Ҳамчунин дар наздиҳозирон  муовини аввали раиси Шӯрои вилоятӣ ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Абдуҷалил Бобокалонов ва хоҳари Солиев Алиҷон духтури амрози занонаи беморхонаи саратонии вилояти Суғд Тӯҳфахон Қодирова баромад намуда, барои қадрдонӣ ва гиромидошти чунин шахсиятҳои таърихӣ ба давлату ҳукумати кишвар изҳори сипос намуданд.
Солиев Алиҷон 27 марти соли 1937 дар шаҳри Ленинобод ҳозира Хуҷанд дар оилаи хизматчӣ таваллуд шудааст. Соли 1955 мактаби миёнаи №3-ро хатм намуда солҳои 1955-1960 универститети давлатии Тоҷикистон, соли 1978 мактаби Олии партиявии ғоибонаро хатм намудааст.
Пас аз хатми донишгох ӯ аз соли 1962 дар вазфаи котиби масъули ҷамъиятӣ дар донишгоҳи Ленинобод, аз соли 1962 то 1971 дар донишгоҳи омӯзгории Ленинобод дар вазифаҳои муаллим, сармуаллими кафедраи таърих, котиби кумитаи комсомолӣ, раиси муттаҳидаи иттифоқи касаба, аз соли 1971 то 1980 котиби кумитаи шаҳри Ленинободи Партияи Комму- нистии Тоҷикистон, аз соли 1980 то 1987 ҷонишини раиси кумитаи назорати халқии вилояти Ленинобод, аз соли 1987 то 1996 директори омӯзишгоҳи касбӣ техникии №56, аз соли 1997 то 2005 мушовири дараҷаи олии Маркази хизмати илмӣ-методии Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, аз соли 2007 то 2014 Раиси Шӯрои собиқадорони ҷанг ва меҳнати шаҳри Хуҷанд кор ва фаъолият намудааст.
Инчун аъзои Иттифоқи ҷурналистони Тоҷикистон буда муаллифи 6 китоб ва зиёда  аз 350 мақолаҳои илмӣ, оммавӣ ва публистӣ аст.
Солиев Алиҷон бо мукофотҳои давлатӣ – Грамотаи Фахрии президиуми совети Олии РСС Тоҷикистон, медалҳо «Барои мехнати шуҷоатнок», «Ветерани меҳнат», «5-солагии  Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон», «15-солагии Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон», нишони ифтихорӣ «Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон», «Аълочии мудофиаи санитарии СССР» қадрдонӣ карда шуда гирандаи нафақа барои хизматҳои махсус дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз моҳи ноябри соли 2013 Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд ҳисобида шудааст.
Солиев Алиҷон 7 июли соли 2014 дар синни 77 солагиаш вафот кардааст.