(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Озмуни намоиши беҳтарини солинавӣ идома дорад.Дар майдони «Ситораҳои Хуҷанд» озмуни намоиши барномаҳои фарҳангӣ-ҳунарии солинавии муассисаҳои таълимии олӣ ва миёнаи махсуси шаҳр идома дорад.
Тибқи нақшаи тасдиқнамудаи Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд имрӯз барномаи солинавӣ аз ҷониби донишҷӯёни Донишкадаи политехники Тоҷикистон манзури сокинон ва меҳмонони маркази вилоят гардид.
Барномаи муҳассилин аз навзишу тарона ва рақсу саҳнаҳои солинавии  донишҷӯён иборат буда он аз 13 номгӯй иборат буд.
Лозим ба ёдоварист, ки ин озмуни намоиши беҳтарини солинавӣ дар асоси Қарори Раиси шаҳри Хуҷанд баргузор гашта, дар он то имрӯз се таълимгоҳи олӣ ҳунари худро намоиш доданд. Дар маҷмӯъ дар озмуни номбурда барои иштирок 7 муассисаи таълимии олӣ ва миёнаи махсус дархост пешниҳод намуданд, ки то санаи 26 декабри соли равон ҳунарнамоии онҳо пешбинӣ гаштааст.
Ҳайати ҳакамон иборат аз 9 нафар масъулини соҳаи фарҳанг буда, тариқи баҳогузорӣ беҳтарин намоиши солинавӣ муқаррар карда мешавад.
Пешбинӣ шудааст, ки натиҷаи озмуни номбурда санаи 31 декабр дар шоу-консерти солинавӣ эълон гардида ғолибон бо тӯҳфаҳои махсуси Раиси шаҳри Хуҷанд қадрдонӣ хоҳанд шуд.