(3 овоз, миёна 3.67 аз 5)

alt

Мӯҳтарам кормандони соҳаи таъминоти барқ!
Бо эҳтиром ва самимияти том Шумо- кормандони шабакаҳои барқтаъминкунӣ, собиқадорони соҳаи энергетика ва кулли алоқамандони соҳаро бо иди касбӣ-Рӯзи энергетикҳо аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд муборакбод мегӯям. Ба ҳар яки Шумо тани сиҳату хотири ҷамъ, саодати зиндагӣ, дар фаъолияти пурмасъулиятатон баҳри таъмини эҳтиёҷоти мардум бо барқ барору комёбиҳои шоён орзу мекунам.
Энергетика заруртарин омили рушди истеҳсолот ва муҳимтарин воситаи суботи иқтисодию иҷтимоӣ маҳсуб мешавад, ки бидуни он пешрафти ягон соҳаи хоҷагии халқ, беҳдошти ҳаёти иҷтимоӣ ва рӯзгори ободу осудаи мардумро тасаввур кардан амри маҳол аст. Аз ин хотир масъулияти кормандони ин соҳаи воқеан ҳаётофар дар мавриди таъмини зиндагии хушу гуворои халқ, равшании ҳар хонадон, ободонию чароғонкунии кӯчаю маҳалла ва шаҳру диёр, равнақи ҳамаи соҳаҳои истеҳсолию ғайриистеҳсолӣ бағоят бузург аст.
Тоҷикистони азизамон бо талошҳои пайгиронаи Президенти мамлакат, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сӯи фардои дурахшон устуворона қадам мегузорад. Имрузҳо бо дастгирӣ аз сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат кулли мардуми шарифи тоҷик ва хуҷандиёни меҳнатқарин барои бунёди иншоотҳои хурду калон ҳиссагузорӣ мекунанд.
Шумо-кулли кормандони соҳаи энергетикаро бори дигар бо иди касбиатон муборакбод мегӯям ва бароятон барори кору рӯзгори обод ва пирӯзиҳои баландро таманно менамоям.
Бигзор дар ҷодаи хизмат ба халқу Ватан бахту саодат ёри ҳамешагиатон бошад.
Идатон муборак бод!

Раиси шаҳри Хуҷанд                                                         Раҷаббой Аҳмадзода