(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Қабули шаҳрвандон аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд.Дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон имрӯз Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода сокинони маркази вилоятро бо мақсади баррасии дархост ва мусоидат намудан барои ҳалли мушкилоташон қабул намуд.
Бештари масъалаҳои сокинони шаҳр ин ҳафта ба баҳсҳои оилавӣ, манзилӣ ва гирифтани кӯмаки иҷтимоӣ алоқаманд буд.
Дар рӯзи қабул сокини шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Бахор хонаи №6 ҳуҷраи 55 Абдуғафуров Карим барои мусоидати гирифтани сертификати истифодаи замин ва беҳтар шудани шароити манзилизисташ ба Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода изҳори сипосмандӣ намуд. Дар баробари ин ба якчанд роҳбарони воҳидҳои сохторӣ аз ҷумла ба сардори идораи заминсозии шаҳр Абдухалил Ёрматов бобати бори дигар мушаххас намудани ҳудуди шаҳри Хуҷанд тибқи нақшаи тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сари вақт бо сертификати истифодаи замин таъмин намудани шахсони соҳиби замини наздиҳавлигӣ шуда, манъ намудани сохтмони  иншоот байни биноҳои истиқоматӣ дар шаҳр, марҳила ба марҳила аз ҳудуди маркази шаҳр баровардани марказҳои таъмини сӯзишворӣ супориши қатъӣ дод.
Раисони кумитаи маҳаллаҳо вазифадор  гаштанд,ки ҳамкориро бо нозирони минтақавӣ беҳтар намуда, дар якҷоягӣ бо масъулини Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии  шаҳри Хуҷанд дар мавриди риояи танзими тӯю маъракаҳо аз байн бурдани чорабиниҳои ғайриқонунӣ, сарфа намудани маблағҳои барои тӯю маъракаҳо харҷшаванда корҳои фаҳмондадиҳию маърифатиро таҳким бахшанд.