(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Дар маҳаллаи «Сари баландӣ» боз як кӯча мумфарш шуд.Дар маҳаллаи «Сари баландӣ»-и маркази вилоят марҳилаи охирини корҳои таъмиру мумфаршкунии кӯчаҳои маҳаллаи мазкур дар соли равон ба анҷом мерасад. Мутахассисону роҳсозони идораи «Суғдроҳ» ва идораи роҳсозии шаҳри Хуҷанд таъмири кӯчаи ба номи Мансур Акрамовро оғоз намуданд.
Барои сари вақт ва босифат анҷом додани корҳои мумфаршкунӣ сокинони маҳалла низ ҳамроҳи роҳсозон дар корҳои ободонӣ саҳм мегузоранд.
Масофаи кӯча бештар аз 250 метр буда, он ду роҳиасосии маҳалла кӯчаи ба номи Фирдавсӣ ва ба номи К. Хуҷандиро мепайвандад.
Мутахассисон ният доранд давомиду рӯз тахту ҳамвор намудан ва мумфаршкунии кӯчаро ба анҷом расонанд.