(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Дарси худшиносӣ дар гимназияи № 4Бо мақсади тарғиби арзишҳои миллӣ ва фарҳангӣ боло бурдани маърифати шаҳрдорӣ, ҳамчунин дар ниҳоди хонандагон ташаккул додани тарбияи миллӣ, хештаншиносӣ, ватанпарастӣ дар гимназияи рақами № 4 соати тарбиявӣ дар мавзӯи: “Хуҷанди шукуфон – модари шаҳрҳо” барпо гардид.
Чорабинии мазкур аз ҷониби хонандагони синфи 11-уми “Г” бо роҳбарии омӯзгори фанни забони англисии ин муассисаи таълимӣ Мақсад Қаюмова баргузор гардида, дар он бештар 100 нафар муҳассилини гимназия ширкат намуданд.
Хонандагон дар бораи таърихуфарҳанги бойи тоҷикон маълумот дода, доири зиндагиномаи шахсиятҳои таърихӣ аз қабили Кайхусрав, Искандари Мақдунӣ, Хусрави Парвиз ривоятҳо нақл намуданд.
Ҳамчунин бо иштироки хонандагони синфи 11 саҳначаҳои таърихӣ  намоиш дода шуд. Лозим ба ёдоварист, ки чунин дарсҳои тарбиявӣ моҳе ду маротиба дар ин муассисаи таълимӣ баргузор гашта, он як намуд ҳисоботи эҷодии омӯзгорону хонандагони мактаби мазкур ба ҳисоб меравад.