(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Қабули шаҳрвандон аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд.Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд «Рӯзи қабули шаҳрвандон» доир гардид.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Ахмадзода бо иштироки роҳбарони воҳидҳои сохторӣ арзи сокинонро шунида барои баррасӣ, ҳаллӣ онҳо ва барои сари вақт иҷро гаштани онҳо ба масъулин дастуру супоришҳо дод.
Шаҳрвандон бо истифода аз имконият ба Раҷаббой Аҳмадзода доири мушкилоти худ ва мусоидат намудан барои баррасии мунсифонаи онҳо дархост намуданд.
Аз шумораи бештари муроҷиаткунандагон бештари масъала бобати ҷудо намудани замини наздиҳавлигӣ буд, ки теъдоди онҳо 9 нафарро ташкил дод. Давоми рӯз бошад ҳамчунин 6 нафар барои кӯмаки расондан доири харидорӣ намудани масолеҳи сохтмонӣ, ҳалли мушкилоти баҳси манзил, таъмин бо ҷойи корӣ, барқарор намудани саломатӣ, таъмин гаштан бо хобгоҳ муроҷиат намуданд.
Давоми рӯз бошад умуман ба Раиси шаҳри Хуҷанд бештар аз 40 нафар бо наздик 50 масъалаҳои мухталифи худ муроҷиат намуданд.