(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Хуҷанд ба пешвози соли нав омодагӣ мебинад.

Маркази вилоят шаҳри Хуҷанди бостонӣ ба таҷлил ва пешвозисоли нави мелодӣ омодагӣ мегирад.
Дар асоси дастури Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода дар марказҳои фарҳангӣ-фароғатӣ арчаҳои солинавӣ гузошта шуда, бахши фарҳанги мақомоти шаҳрӣ, корхонаю ташкилотҳо ва муассисаҳои таълимию фарҳангӣ барномаҳои солинавии худро омода менамоянд.
Бо мақсади пурмазмун ва дар сатҳи баландӣ фарҳангӣ таҷлили намудани соли нави мелодӣ нақшаи чорабиниҳои шаҳрӣ таҳия гардида масъулини сохторҳои дахлдор вазифадор гардидаанд.
Бо ин мақсад дар панҷ мавзеи шаҳр арчаҳои солинавӣ гузошта шуда, аз нимаи дуюми моҳи декабр барномаҳои рангини солинавии ташкилоту муассисаҳои мухталиф намоиш дода мешавад. Пешбинӣ мешавад, ки чорабинии асосии шаҳрӣ дар майдони «Ситораҳои Хуҷанд» баргузор гашта, рӯзи охири сол бошад чун анъана шоу-консертӣ устодони санъат ва ҳунармандони вилояти Суғд баргузор мегардад.
Шурӯъ аз санаи 16 декабр бошад тибқи Қарори Раиси шаҳри Хуҷанд озмуни барномаи беҳтарини солинавӣ байни муассисаҳои таълимии миёнаи махсус ва олии шаҳр доир гашта, барномаи солинавии худро манзури сокинон ва меҳмонони шаҳр хоҳанд кард.
Ҷамбасти озмун санаи 31 декабр дар шоу-консерти солинавӣ баргузор мегардад ва ғолибон бо тӯҳфаҳои махсуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд қадрдонӣ хоҳанд шуд.