(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Ситоди шабонарӯзии шаҳрӣ ба фаъолият шурӯъ намуд.Дар асоси супориши Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ва нақшаи тасдиқнамудаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар назди шаҳрдорӣ ситоди махсуси бартараф намудани ҳолатҳои  дар натиҷаи хунукӣ, барфрезӣ ва яхбандии роҳҳу иншоотҳои ҳаётан муҳими маркази вилоят ба амал омада аз оғози  оғози ҳафта равон ба фаъолият шурӯъ намуд.
Ба ҳайати ситод роҳбарони воҳидҳои сохтори дахлдори хоҷагию манзилӣ ва коммуналии шаҳр, идораи роҳсозӣ, партовкашонӣ, идораи барқ, «Хуҷандобуканал» шомил буда, навбатдории шабонарӯзӣ ташкил карда шудааст.
Ҳамзамон дар назди ситод 8 нафар корманд бо 4 адад воситаҳои техники барфтозакунӣ, нақлиёти боркашонии маводи зидди лағжиш, трактор ҳамеша дар ҳолати корӣ қарор дошта, дар мавридҳои зарурӣ роҳҳои шаҳрро аз барф тоза ва ҳаракати бехатари роҳҳоро бо пошидани маводи зидди лағжиш таъмин хоҳанд кард. Бо ин мақсад аз хисоби буҷаи шаҳрдорӣ зиёда аз 500 тонна маводи зидди лағжиш ва 200 бели барфтозакунӣ харидорӣ шудааст.
Тибқи нақшаи омодагӣ ба зимистонгузаронӣ тамоми гулу буттаҳои аз сармо осебпазир бо шолипоя печонда шуда, тухмии онҳо дар гармхонаҳо ва хандақҳои махсус нигоҳдорӣ мешавад.