(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Рушди фарҳанг-омили устувори ҷомеаДар Маркази фарҳанги шаҳри Хуҷанд конфронси илмӣ-амалӣ бахшида ба ҷамъбасти «Соли фарҳанг ва рушди гулҳо» баргузор гардид. Дар ҷамъомади бошукӯҳ Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода, сардори Раёсати фарҳанги вилояти Суғд Ориф Набиев, доктори илмҳои санъатшиносӣ, профессор Аслиддин Низомов, фарҳангчиёни шаҳр ва устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров иштирок доштанд.
Ноиб-ректори ДДХ ба номи ак. Б.Ғафуров Матлуба Хоҷаева тамоми иштирокдорони конфронсро аз номи ректори донишгоҳ Анвар Мақсудов хайрамақдам гуфт.
Дар сухани худ иброз дошт, ки ҷамъомади мазкур бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва дастгирии маънавии факултаи санъати ДДХ ба номи ак.Б.Ғафуров рӯи кор омад. М.Хоҷаева афзуд, ки ҷомеаро бе фарҳанг тасаввур кардан ғайриимкон аст. Маҳз бо иқдоми Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ соли 2015 «Соли фарҳанг ва рушди гулҳо» эълон гашт. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки аз мӯҳтарам Раиси вилояти Суғд оғоз карда, ҳама дӯстдори фарҳангу тарафдори рушди он мебошанд. Сипас, суханро ба Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода супурд.
Ҳокими шаҳр хушхабар расонд, ки Сарвари давлат, ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат пазируфта шуд. Ин унвон ба хотири заҳмату ҷонфидоии зиёда аз 20-солаи Сарвари давлатамон дода шуд. Ба ин муносибат тамоми иштирокдорон ва сокинони шаҳрро табрик гуфт. Барои ҳамовозӣ кулли ҷамъомадагон барои Пешвои миллат унвон гирифтани Эмомалӣ Раҳмон қарсак заданд.
Раҷаббой Аҳмадзода маълум сохт, ки дар соли равон соҳаи фарҳанг рушд кард. Маҳз соли 2015-ро «Соли рушди фарҳанг ва гулҳо» номидан фоли нек аст.
Илова намуд, ки Сарвари кишвар, ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар баромади хеш фарҳангро ҳастии миллат меномад.
Солҳои охир якчанд барномаҳои мақсаднок барои рушди ин соҳаи афзалиятнок рӯи кор омаданд. Имрӯз муассисаҳои фарҳангӣ бо китобҳои нодир ва компютер фарогир шудаанд. Эҳёи ҳунарҳои миллӣ низ аз нав зинда шуда истодаанд, ки шогирдони зиёд онҳоро аз худ мекунанд.
Дар шаҳри Хуҷанд якчанд муассисаҳои фарҳангӣ, аз қабили 2 театри давлатӣ, 2 хонаи маданият, маркази фарҳанг, 11 китобхона, арт-галереяи «Сомониён», 2 боғи фарҳангӣ, факултаи санъати ДДХ, коллеҷи санъати ба номи С.Ҳофиз, осорхонаҳои Мирзо Турсунзода, Муҳиддин Аминзода, ҳоҷӣ Юсуф ва ғайра амал мекунанд. Инҳо барои такомули фарҳанг, омода кардани кадрҳо, фароғати шаҳрвандон мусоидат мекунанд.
Дар муассисаи Кохи Рӯдакӣ 3 ансамбли рақсӣ ва дар тобеи бахши фарҳанги шаҳр гурӯҳи рақсии бачагонаи «Парниён» арзи ҳастӣ мекунад. Ансамблҳои мазкур дар чорабиниҳои гуногуни вилоятиву шаҳрӣ иштирок намуда, руҳи сокинонро шод мегардонанд. Дар хонаҳои маданият маҳфилҳои гуногун амал мекунанд, дар мактабҳои санъату мусиқӣ ва рассомии шаҳр бошад, шогирдони зиёд тарбия мегиранд. Умед ҳаст, ки онон сафи фарҳангчиёни кишварро пур мекунанд.
Аз ҷониби давлату ҳукумат нисбати соҳаи фарҳанг таваҷҷӯҳи ҳамаҷониба дода мешавад. Дар солҳои охир бисёр иншоотҳои фарҳангӣ сохта ба истифода дода шуданд. Чанде муассисаҳо бошанд, таъмири куллӣ дида, барои қабули шогирдонро омода ҳастанд. Таҷҳизоти техникӣ ва асбобҳои мусиқӣ низ фароҳам оварда шуданд.
Раиси шаҳр Раҷаббой Аҳмадзода иброз дошт, ки Хуҷанд бо шаҳрҳои Табрези Эрон, Ганҷаи Озарбойҷон, Могилёви Беларус бародаршаҳр аст. Меҳмонон аз ин шаҳрҳо омада, ба фарҳанги Хуҷанди мо қоил мондаанд ва ҳамеша таъкид мекунанд, ки Рӯзи шаҳри Хуҷандро дар ин давлатҳо доир намоем.
Баъдан, сардори Раёсати фарҳанги вилояти Суғд Ориф Набиев, профессор Аслиддин Низомов, декани факултаи санъати ДДХ Раҳимҷон Аминҷонов аз боби соҳаи фарҳанг, рушди он ва камбудиву норасогӣ сухан карданд.
Дар вазъияти тантанавӣ аз номи Вазири фарҳанги ҶТ Раиси шаҳр Раҷаббой Аҳмадзода барои дастгирии ҳамаҷонибаи соҳаи фарҳанг бо Ифтихорнома сарфароз гардонида шуд.
Инчунин, якчанд нафар устодони ДДХ ба номи ак.Б.Ғафуров барои тарбия намудани шогирдон ба соҳаи фарҳанг бо ифтихорномаҳо сарфароз гардиданд.
Ба қисми бадеии конфронс устодону донишҷӯёни факултаи санъати ДДХ ба номи ак. Б.Ғафуров бо суруду мусиқӣ ва навохтани асбобҳои миллӣ шукӯҳи тоза бахшиданд.

Таҳмина АЮБОВА, «Тирози ҷахон»