(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Озмуни бонувони ҳунарманди Хуҷанд.Дар асоси дастури Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ва тибқи нақшаи амали «Барномаи давлатии тайёр кардани мутахассисон аз ҳисоби занон ва мусоидат ба шуғли онҳо барои солҳои 2012-2015», бо мақсади эҳё намудани ҳунарҳои миллии ниёгон, бо ҷойи кор таъмин намудани занону духтарон, дастгирӣ ва рушди ҳунари дастии адрасбофӣ ва ба ин васила бедор намудани завқи ҳунаромӯзӣ дар занону бонувон дар шаҳри Хуҷанд озмуни телевизионӣ, таҳти унвони «Ҳунар-сарчашмаи хушбахтӣ» баргузор гардид.
Омуни мазкур дар маркази таълимӣ-истеҳсолии ба номи «Зулфия Баҳриддинова» баргузор гардид, ки дар он 8 нафар занону духтарони ҳунарманди маркази номбурда ширкат намуданд.
Озмун аз рӯи 3 шарт,- нақшаи беҳтарин, микдори матои бофташуда ва бофтани матои адрас дар муддати 30 дақиқа доир гардид. Аъзоёни ҳакамон, ки роҳбарии онро санъатшинос Наим  Ҳакимов ба ӯҳда дошт  баъди иҷроиши шартҳои зикргардида ҷойи аввалро ба Фотимахон Маллаева ҷойи думро ба Дилафрӯз Холматова ва ҷойи сеюмро бошад ба Лутфӣ Файзибоева муносиб донистанд. Дар тантанаи ҷамъбастии озмун муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Умедахон Муродӣ иштирок намуда, табрикоти самими Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба ғолибони ин озмуни ҳунарӣ расонда ба онҳо тӯҳфаҳои арзишманд ва сипосномаи Раиси шаҳрро супорид.
Ҳамчунин ба иштирокдорони ин озмун низ барои саҳмашон дар рушду тарғиби ҳунарҳои мардумӣ Сипосномаи Раиси шаҳри Хуҷанд супорида шуд.