(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Маҳфили адабии Гулназар дар Хуҷанд.Дар маркази вилоят, шаҳри Хуҷанд махфили эчодии Шоири халқии Тоҷикстон Гулназар Келдӣ баргузор гардид. Махфили мазкур ба 70-солагии зодрузи ин шоири номвар бахшида шуд.
Махфилро бо сухани ифтитоҳӣ раиси бахши Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар вилояти Суғд Аҳмадҷони Раҳматзод ифтитоҳ намуд.
Сипас муовини аввали Раиси вилояти Суғд Раҳматзода Рустам Мирзо Раиси шахри Хучанд Рачаббой Ахмадзода ва Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим сохибчашнро табрик намуданд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода шоири номии тоҷикро бо санаи фархунда табрик намуда аз чумла зикр дошт.
«Дар ҳаёти ҷомеа, алалхусус дар ҳаёти иҷтимоию фархангии ҳар халқу миллатҳои мухталифи олам илму маърифат нақши асосӣ дорад. Маҳз донишу ҳунар, мероси илмиву маънавии эчоднамудаи ин қабил бузургон барои рушду нумуи давлатҳо мусоидат кардааст. Тоҷикон низ бо бузургону абармардони хеш ифтихору сарбаландӣ доранд. Мо бисёр ифтихор дорем, ки имруз дар қатори бузургон адиб, рузноманигор, шоири халқӣ ва муаллифи Суруди миллии Тоҷикистон, Суруди Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон «Пайванд», инсони хоксору поксиришт Гулназар Келдиро ном мегирем.»
Гулназар Келдӣ яке аз шоирони номвари муосир мебошад ва имрӯз шеъри вайро на танҳо, хонандагон, балки ҳар фарди хурду калони кишвар медонанд ва ӯро мешиносанд. Чакидахои хомаи Гулназар Келдӣ ҳамчун нависанда ва шоир арзишҳои волои маънави, инсонгарои, ватанпарвари ва табиатдустиро ситоиш намуда, мардумро барои дуст доштани хаёт, бовар кардан ба ишк ва садокат, ба халку миллат даъват мекунад.
«Фасли оғоз», «Тулӯи бедори», «Оинаи ташна», «Туву хубиву раънои», «Сафина», «Шоиру шеъре агар хаст», «Огуши саршор» ва даххо китобхои адабиву фарханги ба калами устод Гулназар Келди тааллук дорад, ки имруз ба дасти хонандагони сершумораш хаст.
Давлату ҳукумат барои комёбихои мехнати ва фаъолияти эчодиаш, ӯро бо Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ва Ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода қадршиносӣ намудааст.
Дар маҳфили адабӣ ҳунармандону устодони санъати кишвар таронаҳоро аз ошъори Гулназар Келдӣ сароиданд.