(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Мавсими шинондани гули лола дар шаҳри Хуҷанд идома дорад.

Дар асоси дастуру ҳидояти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд иҷроиши корҳои ободонӣ ва гулкории маркази вилоят бо мааром идома дода истодааст.
Имрӯз Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Ахмадзода аз рафти корҳои азнавсозии пайроҳаи хиёбони ба номи Раҳмон Набиев ва шинондани пиёзтухми гули лола дар мавзеҳои гулкорию сабзпӯш намудани шаҳр  ошно гардид.
Давоми ду рӯз аст, ки кормандону мутахассисони Идораи сохтмони асосии шаҳр қисмати роҳи пиёдагарди соҳили дарёи Сири хиёбони номбурдаро, ки масофаи 400 метр ва масоҳати ҳазор метри квадратиро ташкил медиҳад, таъмиру азнавсозӣ ва сафолакпӯш менамоянд. Мавсими шинондани гули лола дар шаҳри Хуҷанд идома дорад.

Аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд барои анҷоми корҳои зикргардида 60 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст. Сохтмончиён то имрӯз ҳамвор намудани роҳи пиёдагардонро ба анҷом расонда марҳилаи охирини рӯйпӯш намудани роҳравро бо сафолакҳо ба анҷом мерасонанд.

Дар мавзеҳои сабзпӯшию гулкории назди муҷассамаи Абуабдулло Рӯдакӣ, шоҳроҳи ба номи  Исмоили Сомонӣ, хиёбони ба номи Раҳим Ҷалил ба номи Султон Умарӣ гулпарварон ва ороишгарон шинондани тухмпиёзаки гули лоларо  идома  дода истодаанд.
Дар ҳар кадоме аз мавзеҳои зикргардида 10-12 нафари кормандони идораи кабудизорунӣ бо маслиҳати мутахассисони гулпарвар пиёзтухмии гули лолаҳои рангорангро шинонда ба мавсими шукуфтани гуди лола омода менамоянд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ба мутахассисон супориш дод,ки ҳангоми шинондани тухмӣ ба навъу ранг ва тарзи ороишӣ лола эътибори ҷиддӣ диҳанд.
Лозим ба ёдоварист, ки дар асоси супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзҳои таҷлили Иди Наврӯз дар маркази вилоят фестивали гули лола баргузор мегардад. Бо ин максад тибқи нақшаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд аз ҷониби корхонаю ташкилот ва муассисаҳои шаҳр ба миқдори як миллион гулу буттаҳои ороишӣ ва сабза шинонда хоҳад шуд.