(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Мумфаршкуни дар маҳаллаи Сари баландӣИмрӯз дар маҳаллаи «Сари баландӣ» сокинони чанде аз кӯчаҳо якҷоя бо кормандони идораи роҳсозии «Суғдроҳ» ба ҳашар баромада дар таъмири кӯчаи маҳаллаи худ ва мумфаршкунии он фаъолона иштирок намуданд.
Назар ба маълумоти роҳбарияти маҳаллаи номбурда ин шашумин  кӯчаи маҳалла аст, ки аз таъмири куллӣ бароварда мешавад.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода аз ҳолати корҳои таъмиру мумфаршкунии маҳалла дидан намуда, бо сокинони маҳалла ва фаъолон сӯҳбати самимӣ анҷом дод.
«Бо назардошти дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таъмиру мумфаршкунии кӯчаҳои шаҳр бо маром идома дорад. Ҳоло, ки имкони ҳавои мусоид ҳаст, барои идома додани корҳои таъмири роҳҳо тамоми имконияту захира истифода шуда истодаанд»- зикр намуд Раиси шаҳри Хуҷанд. Раҷаббой Аҳмадзода ҳангоми сӯҳбат таъкид намуд, ки имрӯз бояд корҳои мумфаршкунии кӯчаи мазкур анҷом дода шуда, бапрои рӯзҳои минбаъда танҳо корҳои тахту ҳамвор намуданро гузоштан лозим аст. Зеро ҳавои мусоиди фасли зимистонро барои корҳои мумфаршкунӣ самаранок истифода бурдан лозимаст.
Тибқи нақшаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд давоми соли равон шаш кӯча ба масоҳати беш аз 11 ҳазор метрии квадратӣ пурра мумфарш гардида, давоми ду соли охир 9 кӯчаи маҳаллаи «Сари баландӣ» ба масоҳати бештар аз 50 ҳазор метри квадратӣ аз таъмири пурраи хушсифат бароварда шуд.