(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Саломатӣ гавҳари ноёб. Тренинги таълимӣ.Дар Маркази таълимии “Ҳаёти нав”-и шаҳри Хуҷанд тренинги таълимӣ оидба пешгирии амали номатлуби нашъамандӣ бо иштироки масъулони соҳа ва кормандони масъули МИҲД шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.
Дар он масъалаи пешгирии сӯистифода аз истеъмоли маводи нашъадор мавриди баррасиву таҳлил қарор дода шуд. Дар кори тренинг аъзои Шӯро ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии сӯистифода аз истеъмоли маводи нашъадор, гурӯҳи ҷамъиятии ташаббускор ҳамчунин сардори бахши кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии МИҲД шаҳр Бахтиёр Исматҷонов, раиси Шӯрои занони шаҳр Муҳайё Дадобоева, котиби масъули комиссияи кор бо ноболиғони назди МИҲД шаҳр Мадина Салимова ва дигарон баромад карда фикру мулоҳизаи хешро оид кам намудани сафи нашъамандон, хусусан пешгирии пайвастани ҷавонон ба сафи ин тоифа баён намуданд. Зикр гардид, ки дар қаламрави шаҳр 6 гурӯҳи ташаббускори ҷавонон оид ба пешгирӣ намудани нашъамандӣ амал мекунад, ки барои ҷоннок кардани фаъолияти гурӯҳҳо маслиҳатҳои суднманд дода шуд.