(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Рӯзи қабули шаҳрвандон.Арзи 35 нафар сокинони шаҳр шунида шуд.
Шанбеи гузашта рӯзи қабули шаҳрвандон бо арзу дархости худ 35 нафар сокинон ба Раиси шаҳр Раҷаббой Аҳмадзода  муроҷиат карданд. Аз ҷумла  бо масъалаи марбут ба ҷудо кардани участкаи наздиҳавлигӣ 5 нафар, кӯмаки моддӣ 8 нафар, ва дигар масъалаҳо 10 нафар арзу дархост намуданд.
Раиси шаҳр кулли муроҷиатҳоро бодиққат гӯш карда, ба масъулони сохторҳои МИҲД шаҳр дастуру мсупоришҳои мушаххас дод, то ки нисбати ҳалли онҳо чорҷӯӣ намоянд.
Иловатан маълум гардид, ки дар шаҳр баробари оғози фаслис армо муаммову мушкилот дар соҳаҳои тандурустӣ низ мавҷуданд, ки доир ба ин соҳа 2 нафар дархост карданд.
Боиси хурсандӣ аст, ки барои  дастгирӣ дар ҳалли мушкилоти зиндагӣ чанд тан аз бошандагони шаҳр ба рӯзи қабул омада арзи сипосу миннатдорӣ карданд.