(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Мусобиқаи боксчиён барои мукофоти Исмоил Ҳамзаалиев оғоз гардид.Дар «Қасри варзиш»-и шаҳри Хуҷанд мусобиқаи анъанавии байналхалқӣ оид ба бокс ба хотири гиромидошти Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Исмоил Ҳамзаалиев оғоз ёфт.
Ин мусобиқа тибқи Қарори Раиси вилояти Суғд санаҳои 25-29 ноябр баргузор гашта дар он варзишгарони вилоятҳои Бадахшони Кӯҳӣ, Хатлон, Суғд ва шаҳри Душанбе ва ҳамчунин варзишгарон аз Ҷумҳуриҳои Қирғизистон ва Ӯзбекистон иштирок менамоянд.
Дар маросими кушодашавии ин чорабинии  варзишӣ муовини Раиси вилояти Суғд Назира Ғаффорӣ ва Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода иштирок ва суханронӣ намуданд.
Назира Ғаффорӣ паёми табрикии Раиси  вилояти Суғд Абдураҳмон Қодириро ба иштирокдорон ва варзишгарони ин мусобиқаи анъанавӣ расонда изҳори боварӣ намуд, ки ин мусобиқа барои таҳкиму рушди ин намуди варзиш мусоидат хоҳад кард. Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода зимни баромади хеш доири аҳамияти ин мусобиқаҳо таъкид намуд.
«Варзиш дар ҳар давру замон қосиди сулҳу дӯстӣ ва муаррификунандаи ҷаҳони маънавию солимии миллату давлат буд ва минбаъд низ боқӣ хоҳад монд. Бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон варзиш дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун ҷузъи муҳими таркибӣ ва пураҳамияти арзишҳои фарҳангӣ гашта, рушду инкишоф додани он дар байни табақаҳои васеи омма яке аз омилҳои муҳими солимгардонии ҷомеа ба ҳисоб меравад.
Инкишофи варзиш, тарбияи ҷисмонӣ ва дар ин замина солим гардонидани ҷомеа самти афзалиятноки сиёсати давлат ба ҳисоб меравад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояту шаҳр ба рушди варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ щамхориҳои зиёд зоҳир менамоянд. Баҳри тарщиби ҳамаҷонибаи тарзи ҳаёти солим, тарбияи насли созанда, ба амалҳои солимгардонӣ ҷалб намудани омма, амалӣ намудани нақшаҳои инкишофу тараққии тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш тамоми имкониятҳо равона мекунанд.»
Зокирҷон Ҳамзаалиев,- додарзодаи Исмоил Ҳамзаалиев барои гиромидошт ва эҳтироми хотири пайванди худ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти вилояту шаҳр изҳори сипосмандӣ намуд.
Барои иштирокдорони мусобиқаи варзишӣ барномаи фарҳангӣ бо иштироки  ҳунармандони шинохтаи вилоят пешкаш карда шуд.