(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Таҷлили Рӯзи парчам дар донишгоҳ.

Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи парчами миллӣ чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Дар маҷлисгоҳи бинои асосии донишгоҳ чорабинии маърифатӣ-фарҳангӣ бахшида ба Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки ҳайати меҳмонон, профессорону устодон ва донишҷўён баргузор гардид.
Ректори донишгоҳ профессор Ҷамшед Ҷўрабоев ба кори маҳфил ҳусни ифтитоҳ бахшида, ҳамагонро бо Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният намуд. Қайд гардид, ки Парчами мо рамзи давлатдорӣ, истиқлолияти миллӣ ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад. Воҳидов Ҳабибулло Сайдуллоевич- прокурори вилояти Суғд, мушовири давлатии адлияи дараҷаи сеюм ҳозиринро бо Рўзи Парчами давлатӣ муборакбод намуда,  ба ҳамагон беҳтарин неъматҳои зиндагӣ ва сулҳу суботи ҳамешагиро таманно намуд.
Сипас, суханони шодбошии намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ шунида шуд. Аз номи Раиси шаҳри Ҳуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода номаи табрикотиро Мирзоқосим Каримов - мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Дастгоҳи Раиси шаҳри Хуҷанд баҳри кулли устодону донишҷўён қироат намуд.
Дар идомаи чорабинии идона, ғолибони озмунҳо оид ба натиҷаҳои рейтинги таълим, иштирокчиёни фаъоли бозиҳои варзишии дохилидонишгоҳӣ тавассути сипосномаву ифтихорномаҳои раёсати донишгоҳ қадршиносӣ гардиданд. Ҳамчунин ба волидайни муҳассилини фаъол дар вазъияти мутантан  сипосномаҳо супорида шуд.
Баъдан, филми мустанад роҷеъ ба Парчами тоҷикон, таърихи он намоиш дода шуд. Дар филм Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун яке аз рамзҳои муҳими истиқлолияти миллӣ, давлатдории муосир, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва ифодагари мақсаду маром ва ормонҳои халқи тоҷик инъикос ёфтааст.
Бахши фарҳангии маҳфил бо баромади дастаи созию овозии «Ошёни меҳр», театрстудияи «Парвози истеъдод» ва гурўхи рақсии «Хушхиром» оғоз ёфт. Маҳфили маърифатӣ-фарҳангӣ бо сюитаи овозӣ-рақсӣ таҳти унвони «Шукўҳи миллат» ва суруди ҳамсароён бо номи «Ватан» ба поён расид.