(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Мусобиқаи байналмилалии боксчиён оғоз мегардад.Дар шаҳри Хуҷанд боз як мусобиқаи сатҳи байналмиллалӣ оғоз мегардад.
Санаҳои 26-29 ноябри соли 2015 дар «Қасри варзиш» - и маркази вилоят мусобиқаи байналмиллалӣ оид ба бокс ба хотири гиромидошти Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ Исмоил Ҳамзаалиев баргузор мегардад.
Дар мусобиқа варзишгарон аз Ҷумҳуриҳои Қирғизистон, Ӯзбекистон шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғд, Хатлон ва Бадахшони Кӯҳӣ  иштирок менамоянд.
Ин мусобиқаи бонуфуз аз соли 1970 доир гашта, беҳтарин  муштзанҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Осиёро ҷамъ меорад.
Маросими кушодашавии мусобиқа санаи 26 ноябри соли 2015 соати 14:00.