(5 овоз, миёна 4.40 аз 5)

Намоиш фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва барномаи фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи парчами миллӣ.Бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои захираи маҳсулоти ниёзи аввала ба фасли зимистон таъмини сокинони шаҳр бо маводи ғизои нисбатан арзон давоми чанд моҳи охир дар мавзеҳои гуногуни шаҳр ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ баргузор мегардад.
Бо ин мақсад ва бахшида ба Рӯзи парчами миллӣ дар майдони «Ситораҳои Хуҷанд» барномаи фарҳангии идона ва намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва хӯрока баргузор гардид.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ҳангоми боздид аз ин чорабинӣ ва намоиш-фурӯш аз нарх ва сифати маҳсулоти ба харидорон пешкашгашта ошно гардид. Масъулини соҳаи иқтисодиёт ва савдо ба Раиси шаҳри Хуҷанд иттилоъ доданд, ки тамоми маҳсулоти мавҷуда аз нархи бозорҳои Хуҷанд то 20 % арзон буда, маҳсулоти полезию мевагӣ аз ноҳияҳои Ғончӣ, Шаҳристон, Б. Ғафуров, Ҷ. Расулов ва шаҳрҳои Исфараю Истаравшан ворид гаштаанд.
Ҳангоми сӯҳбат, сокинони маркази вилоят-харидорон ба Раҷаббой Аҳмадзода изҳор намуданд, ки маҳз ташкили чунин намоиш-фурӯш имкон дод, ки дар муқоиса аз нархҳои як моҳ қаблӣ нархи биринҷ, сабзӣ, картошка, пиёз, шалғам, равған аз 10 то 30% поён рафта,барои дастрасии қишри эҳтиёҷманди мардум харидории ин намуди маҳсулот бештару беҳтар гаштааст.
«Ҳадафи асосии дастуру супоришҳои Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ дар мавриди ташкили чунин амалҳои судманд аз хамин иборат аст. Мо низ кӯшиш мекунем, ки барои беҳтар гаштани зиндагию некуаҳволии сокинон супориши сарвари кишварро сари вакт иҷро намоем»- қайд намуд Раиси шаҳри Хуҷанд ҳангоми мулоқоти худ бо мардум.
Дар намоиш-фурӯш назар ба маълумоти масъулини соҳа зиёда аз 80 тонна махсулот аз ҷумла 20 тонна картошка, 4 тонна гӯшт, 8 тонна пиёз, 10тонна сабзӣ пешкаши харидорон гашт.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода зимни боздиди худ аз намоиш-фурӯш ба масъулини соҳаи тандурустӣ ва маорифи шаҳр супориш дод, ки бахшида ба Рӯзи парчами миллӣ бевосита дар муассисаҳои тандурустӣ ва маорифи шаҳр барои кормандони соҳа фурӯши маҳсулоти кишоварзии деҳқонони шаҳру ноҳияҳои вилоят бо нархҳои то 25% арзон нисбати нархҳои маъмулӣ давоми рӯзҳои таҷлили ин ид ташкил карда шавад.