(5 овоз, миёна 4.80 аз 5)

Шанбегии умумишаҳрӣ бахшида ба Рӯзи парчами миллӣ.Бахшида ба Рӯзи парчами миллӣ дар шаҳри Хуҷанд тибқи супориши Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода шанбегии умумишаҳрӣ баргузор гардид.
Давоми рӯз кормандони ташкилоту муассисаҳои шаҳр дар якҷоягӣ бо коргарони идораҳои хоҷагию коммуналӣ ва ободонии шаҳр кӯчаю хиёбонҳо ва ҷӯйборҳои Хуҷандро аз хазону партов тоза намуданд. Дар баробари ин кормандони идораи истифодабарии роҳхо кӯчаҳои марказӣ ва сернақлиётро аз назар гузаронида, бо маводи зиддигағжиш ва қуттиҳои махсуси нигоҳдории ин моддаҳо таъмин намуданд. Назар ба маълумоти Сарраёсати идораи хоҷагию манзилӣ ва коммуналии шаҳр давоми рӯз баробари ҳашарчиёни корхонаю ташкилотҳои шаҳр бештар аз 100 нафар кормандони муассисаҳои ин соҳа ва зиёда аз 30 нақлиёти махсус дар шанбегӣ иштирок намуданд.